Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назар чунин менамуд, ки Раънои Носир асрори марги хешро бо худ бурдаву тафтишотро дар ҳолати беҳавоӣ нигоҳ медорад. Айб дар ош буд ё дар мош, муфаттиш нафаҳмид. Ду рўз пеш ў ваколатдори кофтукови ҷиноятиро бо хулосаи ташхиси тиббӣ - судӣ шинос кард. Ҳамон рўз бегоҳӣ тариқи телефон аз вай хоҳиш кард, ки илоҷе намуда, бо дўсти хонадони Ёқуби Соиб, ки айни вақт вазифаи машваратчии маслиҳатхонаи ҳуқуқиро ба душ дорад, вохўрад. Дирўз бошад, тамоми рўз омадан ва ё занг задани Абдумаҷидовро интизор буд, вале майори милиса на ин ки наомад, балки занг ҳам назад. Рафтори Абдумаҷидов онро мемонд, ки гўё ў агар ба тарафи прокуратура қадам ниҳад, рост ба «секунҷаи Бермуд» меафтид ва на ин ки асоси марги Раънои Носир, балки тамоми асрори милисаро бо худ мебарад.
Маҳз ба хотири пешгирӣ намудани ҳодисаи навбатӣ сари субҳ Бобо Самад аз хонааш рост ба милиса омад. Дар пеши бинои милиса Воҳид Камол аз мошини хизматиаш фаромада буд, ки чашмаш ба Бобо Самад афтид, ки аз тарафи муқобили кўча ба самти милиса нияти гузаштан дошт.
Воҳиди Камол дар пеши дари даромадгоҳ каме истод ва чун муфаттиш ба он ҷо расид, баъди салому ҳолпурсӣ ўро ба дафтари кориаш даъват кард.
Новобаста аз муносибатҳои сарди Замиров ва сардори ШКД, муфаттиши прокуратура Бобо Самад нисбат ба Воҳид Камол як эҳтироми бепоёне дар дил дошт ва маҳз аз ҳамин хотир сухани ў нашикаст.
Дафтари кории Воҳид Камол дар ошёнаи якум воқеъ гардида буд ва муфаттиш сараввал хост, ки ба ошёнаи дуюм баромада, Абдумаҷидовро бубинад, вале Воҳид Камол ин корро ба зиммаи навбатдор вогузошт ва ҳамроҳи муфаттиш ба ҳуҷраи кориаш рафт.
Дар қабулгоҳ то ҳанўз касе набуд ва Воҳид Камол аз пеши дар овоз рўшан карду лаҳзае пас ёрдамчии навбатдор назди ў ҳозир шуд.
– Як чой монед, - амр кард сардори милиса ва дари дафтари кориашро кушода, меҳмонро таклифи даромадан кард.
– Танҳо баъди шумо.

пешина
аз 513
навбатӣ