Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роберт Иванович ҷавобҳои аз забони бемор шунидаашро бе ягон обу ранг ба самъи мусоҳибаш расонд ва гуфт, ки баъди ду шабонарўз метавонанд бо ў вохўранд.
– Ба ҳаминаш ҳам ташаккур.
– Намеарзад, – гўён Роберт Иванович мусоҳибашро то пеши дар гусел намуд.
Иванов баъди гусели милиса ба сари мизи кориаш баргашт ва ҳуҷҷатҳои беморро, ки ду шабонарўз ному насабаш маълум набуд, ба даст гирифт ва реквизитҳои болои варақаи бемориро дар асоси талаботҳои Вазорати тандурустӣ пур кард. Пас аз он фикру андешаҳои хешро чун табиб бо нишон додани таърихи рўз дар варақаи дигаре навишта, баҳри табобати минбаъдаи Шодии Мудин тавсияҳо дод.
Шодии Мудин дар ҳақиқат организми бақувват доштааст, вагарна бо чунин зарба ва ҷарроҳии вазнин на ҳар кас тоб меорад. Дар байни ду рўз ў худро беҳтар ҳис намуд.
Муҳимаш он аст, ки сараш зарбаи сахт нагирифтааст, новобаста аз он, ки ду ҷойи сараш захмӣ буд. Агар сараш зарба мегирифт, ба гумон буд, ки имрўз номи худ ва номи падарашро ба ёд биёрад. Аҷиб, ки ў аз Зартеғ омада, дар он субҳи солеҳон дар шаҳр чӣ меҷустааст? “Шояд ўро бисёртар мепурсидӣ ва ба ин васила ба милисаҳо ҳам ёрӣ медодӣ,” – нидо омад аз қалбаш.
– Не, дар ин хусус сухане бештар гуфтан ғайриимкон буд. Корҳои милиса гурехта намераванд. Муҳим он аст, ки онҳо шахсияти беморро муайян намуданд, он тарафаш Худо боқист.
– Роберт Иванович!
– Лаббай.
– Бемореро дар ҳолати вазнин овардаанд, чӣ кунем? – пурсид ҳамшираи шафқат аз пеши дар.
– Ман ҳозир, – гўён ў аз ҳуҷраи духтурон берун баромад.
– Духтурҷон, ҳамаи умедамон ба шумо, - тавалло намуданд хешовандони бемор, вале ўро вақти баҳс набуд ва саросема ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ рафт…


Бошад, ки рози пинҳон, хоҳад шуд ошкоро…

пешина
аз 513
навбатӣ