Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

…
– Хуш, чӣ хел?
– Бад не.
– Чияш нағз?
– Ёлаҳояш.
– Ба назарам, ў ҳазён гуфта истодааст, - гуфт ҳамшираи шафқат.
– Чӣ хел ҳазён? Табаш муътадил аст ва шахс бо таби муътадил ҳаргиз ҳазён намегӯяд. Аҷиб: “бад не, ёлаҳояш,”- гуфтани ў чӣ маънӣ дошта бошанд?
– Аз куҷо донам, шояд хоб дида истодааст.
– Ўро бедор карданамон лозим.
– Шояд лозим набошад, чун бедор шуд, ман омада шуморо хабар мекунам.
– Магар инро онҳо намефаҳманд?
– Кӣ?
– Милисаҳо.
– Онҳоро ҳам фаҳмидан лозим.
– Ҳо, бача, маро мешунавӣ?
Ў, ки кайҳо гуфтугўи ду табибро гўш дошт ва ба замми ин, ин гуфтугў боиси парешон гаштани хаёлоти рангинаш гашта буд ва дигар борон ҳам ба тиреза ангушт намезад, оҳиста чашмонашро кушод.
– Хуш, аҳволат чӣ хел?
– Бад не.
– Акнун бигў, ки чӣ ном доред?
– Шодӣ.
– Номи падарат?
– Мудин.
– Чандсолаед?
– Бисту ҳаштсола?
– Аз куҷоед?
– Аз Зартеғ.
– Барои имрўз ҳаминаш кифоя, – гўён духтур ўро ба ҳоли худ гузошт…
– Хуш, корҳо чӣ хел? – баробари вориди хонаи духтурон гаштани Иванов ба истиқболи ў аз ҷояш бархеста пурсид корманди милиса.

пешина
аз 513
навбатӣ