Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дарро ба рўи ў Далер кушод. Наталя Василевна сари болини Абдумаҷид, ки дардаш хуруҷ карда буд, менишаст…
– Роберт Иванович, охир шумо ҳам моро бояд фаҳмед,– гуфт ҷавони низомипўш.
– Ман шуморо нағз мефаҳмам, вале бадбахтии кор дар он аст, ки шумо маро фаҳмидан намехоҳед.
– Бубинед, дар чунин борон ҳам моро осуда намегузоранд, шахсияти ҷабрдидаро донистан мехоҳанд.
– Дирўз ман чанд маротиба ному насаби беморро пурсон шудам, вале ҳамааш бенатиҷа, вагарна худам ба шумо занг мезадам.
– Ман шогирдамро фиристода будам, лек шумо ўро аз пеши дар гузаштан намондед.
– Ман дар ҷойи кори хеш худ милисаам ва намегузорам, ки касе ба сарам дод занаду аз ҳуқуқҳои хеш ёдовар шавад.
– Ман ба ҷойи шогирд аз шумо, Роберт Ивановичи азиз, узр мепурсам ва таманнои онро дорам беморе, ки шумо васигиашро ба душ доред, дар чунин як рўзи нек ба ҳуш биояду гузаштаашро нақл кунад.
– Мо ҳам ҳаминро хоҳонем. Умуман, ў бояд дирўз ба ҳуш меомад, аммо ба саволи ман ҷавоб дода натавонист. Гумон кардам суханони маро намешунавад, вале ин субҳ хушбахтона аҳволаш беҳтар буд. Фардо ё пасфардо агар худашро беҳтар ҳис намояд, мо ўро ба ҳуҷраи умумӣ мегузаронем, ана пас омада суҳбат намоед.
– Тасаддуқи номатон шавам, ягон илоҷ менамудед, аққалан худатон як маротиба боз ўро мепурсидед.
– Аз кайк халосӣ ҳасту аз шумо милисаҳо не, – гўён Иванов аз ҷойи бархоста берун баромад.
– Хуш, чӣ гапҳои тоза? – пурсид ў аз ҳамшираи шафқат, ки васигии беморро ба душ дошт.
– Вай бедор аст, - гуфт ҳамшира.
– Бедору чашмонаш пўшида, - а? - бо киноя гуфт духтур.
– Гумон мекунам, ки ў мешунавад, – гуфт ҳамшираи шаф
-қат.
– Ҳозир ҳамаашро мефаҳмем, – гўён духтур дар курсие рў ба рўйи бемор нишаста, овозаш рўшан кард:
– Ҳа, бача, маро мешунавӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор