Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шиори чунин оилаҳо «гўр сўзаду дег ҷўшад» буд, ҳаст ва хоҳад монд.
– Бо шумо баҳс намудан душвор.
– Ба ақидаи шумо розӣ шуда наметавонам.
– Чаро?
– Чунки танҳо баҳс ҳақиқатро рўйи об мебарорад ва аз он чӣ ки «қаҳрамони» мо бо замона ҳамқадам аст, ў ин сабақ аз ягон нафар омўхтааст ва чунин сабақро ба ғайр аз волидайн боз аз кӣ меомўхт?
– Аз атрофиён.
– Агар волидайни ў одамони Худотарс мебуданд, аздусар ба вай мефаҳмонданд, ки ғадр намудани ҳиссаи мардум ҳаром аст.
– Охир ў дузд нест, ки ҳиссаи мардумро ғадр намуда бошад.
– Дузд мешуд, беҳтар буд.
– Чӣ хел?
– Чунки дузд на танҳо аз атрофиён, балки аз Худо ҳам шарм медорад ва амали нопоки хешро дар пинҳонӣ анҷом медиҳад. Порадеҳ бошад на аз Худо шарм мекунаду на аз бандагонаш, барои он ки ў як ҳисса пора диҳад, бояд даҳ ҳисса ришва ситонад ва ин ақидаи нафарест, ки қасами Гиппократ хӯрдаву теғи Сино ба даст гирифта.
– “Бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост” гуфтанд гузаштагони мо. Ба инаш чӣ мегўед?
– Аслан ин шиор барои одамони якрав ва ҳақиқатпараст гуфта шудааст ва ришвадеҳ на парвои замона дораду на аз балоҳояш.
– Гуфтам - ку бо шумо баҳс кардан душвор. Суҳбат боқӣ,
- гўён Наврўз Умаров аз ҷой бархест.
Абдумаҷидов ҳам рўзномаи «Мир новостей» – ро, ки болои ҷевони китобҳо гузошта буд, ба даст гирифта, чароғро хомўш намуду аз қафои Наврўз Умаров берун баромад. Дар осмон ситораҳо чашмак мезаданд. Ба назари Абдумаҷидов чунин намуд, ки ҷилои ситораҳо аз шабҳои пешин дида бештар аст. Онҳо суҳбаткунон паҳлуи ҳам хеле қадам заданд ва дар чорроҳае аз ҳам ҷудо шуданд, чунки манзили ҳар кадоме дар самти муқобил буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор