Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фаҳмо, чун ҷиноятро кушодем, ҳамаашро ба инобат мегирем. Истед, ки ман як чизро нафаҳмидам.
– Чиро?
– Нафаҳмидам, ки хизмати Фарангиси Қодир дар ин хусус зиёдтар аст ё аз Зиёев?
– Фарангиси Қодир шаби гузашта баъди рафтани Обидаи Баҳром ҳамаи дафтари хотироти хешро варақгардон намудааст ва чун имрўз Зиёев баҳри санҷиши шиносномаҳо ба он манзил рафтааст, бо шарофати борон ўро модари Фарангис роҳ гирифтаст. Дар рафти суҳбат Фарангис аз Зиёев дар бораи дар кадом ҳолат қарор доштани корҳои ҷустуҷўйӣ дар атрофи марги Раънои Носир пурсон шудааст.
Чун Зиёев чизеро аз ў пинҳон надоштааст. Фарангис низ фикру ақидаи хешро дар ин бора баён намудааст. Умуман, суҳбати ин ду тан ба давре рост омадааст, ки борон бо тамоми қувва ба тиреза ангушт мезадааст.
– Яъне, зери навои борон Фарангис дарди дили хеш ифшо намудааст?
– Ҳа, бо навои борон ў дарди дили хеш шустан хостааст.
– Фарз намудем, ки Ғиёсро ёфтем, вале мо чӣ тавр исбот мекунем, ки ў бо Раънои Носир муносибат доштааст, модоме ки онҳо «ҳаракати партизанӣ» - ро пешаи хеш қарор дода буданд.
– Якум ин ки Ғиёси мо меҷустагӣ дорои як қатор хусусиятҳои хоси хеш аст.
– Чӣ хел хусусиятҳои хоси хеш?
– Шиори «қаҳрамони» мо “як бидеҳу даҳ бигир” буд, ҳаст ва шояд монда бошад, чунки он чӣ ки ба шир дар бадан рафт…
– Акбар Ҳакимович, хандаамро набиёред, наход порадеҳӣ ҳам хусусиятҳои меросӣ дошта бошад?
– Ришвадиҳию ришваситонӣ ҳам хусусиятҳои меросиро гирифта истодааст. Фарз кардем, бача мефаҳмад, ки бо маоши падараш мошини хориҷӣ харидан мумкин нест.
– Мефаҳмад.
– Ана дидед, модом ки бача мефаҳмад, пас чун калон шуду сари мансаб рафт аз «таҷрибаи» қиблагоҳи хеш истифода мебарад, чунки ў дар оилае калон шудааст, ки фарқи ҳарому ҳалолро ба гўшаи фаромўшӣ додаанд.

пешина
аз 513
навбатӣ