Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар Ғиёс гунаҳкор ҳам набошад вай моро ба роҳи рост, ба роҳе, ки то қулла мебарад, ҳидоят карда метавонад.
– Рафту ў ягон чизро надонад?
– Дар он сурат ҳам мо чизе бой намедиҳем.
– Вақтро чӣ?
– Вақтро ҳам,
– Чӣ хел вақтро бой намедиҳем.
– Чунки мо вақтро сарфи собит намудани дараҷаи бегуноҳи нафаре менамоем ва бардоштани соя аз болои нафаре, ки дар зери он мондааст. Ин қарзи инсонии мост.
“Барои Абдумаҷидов собит сохтани дараҷаи бегуноҳии шахс на камтар аз исбот кардани дараҷаи гуноҳи ўст,” – аз дил гузаронид Наврўз Умаров ва гуфт:
– Магар ёфтани шахсе, ки ба ҷуз номаш маълумоти дигаре дар борааш нест, осон аст?
– Якум, ки Ғиёс он қадар номи маълуме нест, фарз кардем шумо чанд нафарро бо ҳамин ном мешиносед?
Наврўз Умаров, ки интизори чунин савол набуд, ба андеша рафт ва ниҳоят сар бардошта гуфт:
– Се нафар… шояд ягон нафари дигарро аз хотир бароварда бошам.
– Ман ҳам қариб ҳамин қадарро мешиносам, ба замми ин ҳамон ду нафари мешинохтагии шумо, аз ҷумла Ғиёси Қанд ва Ғиёси Сафар шиносҳои ман низ ҳастанд. Пас агар дурусттар андеша намоем, мо ду - нафар се нафарро бо ҳамин ном мешиносем.
– Мо ду - се нафарро мешиносем, вале дар соҳаи тибби шаҳрӣ чӣ қадар мардон кор мекунанд.
– Ҳамон қадар одамоне кор мекунанд, ки аз шумораи умумии шиносҳои мо камтар. Аз ҳамон ҳисоб қариб нисфи кормандони соҳаи тиб занҳоянд, даҳ фоизи мардон ин ҷавонони нав ба кор дохилшуда, даҳ фоизи дигарашон шахсони аз синни панҷоҳсола боло, боз чанд фоиз монд?
– Сӣ фоиз?
– Ёфтани Ғиёс дар байни сӣ фоизи табибон ин ягон мушкилие надорад. Ҳа, дарвоқеъ, Ғиёси мо меҷўстагӣ бояд дорои маълумоти олии тиббӣ бошад, ки ин дараҷаи ҷустуҷўиҳои моро боз ҳам фишурдатар месозад. Бояд гуфт, ки дар ин ҷода хизмати лейтенант Зиёев беҳад калон аст ва ман хоҳиш мекардам, ки...

пешина
аз 513
навбатӣ