Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пешхизмат бо амри онҳо боз баррабирён овард ва боз дар сабуе шароб.
Сипас, ҳарду дар зери навои мусиқӣ хеле рақс карданд.
Соатҳои 22 аз тарабхона берун шуданд ва ба таксие нишаста, то қарибиҳои манзили Раъно омаданд. Чун дузд ҳарду вориди хона шуданд ва ҷавонзан ёлаҳои хешро нисори қудуми бачаи ҳамсоя кард…


– Ҳоло ҳамин хел гўед?
– Ҳамин хел.
– Боз як гумонбаршуда. Метарсам, ки фардо боз нафари дигаре пайдо шаваду аз почаки кадом як муҳандисе дорад.
– Ба гумон аст.
– То имрўз мо дар ақидае будем, ки собиқ корманди милиса дар куштор даст дорад, имрўз бошад, ба саҳна духтур ҳам омад.
– Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи хешро дорад ва новобаста аз хоҳишу мароми мо субъектҳоро худ болои саҳна меорад.
– Гуфтед, ки Фарангиси Қодир бо усулҳои дедуктивӣ ба чунин хулоса омадааст.
– Ҳа, гуфтам.
– Ў аз куҷо медонад, ки усули дедуктивӣ чист?
– Вай ҳамаашро медонад. Ҳатто овозаҳоро дар атрофи номи Раънои Носир “усули мантиқии тафаккури мардум” номид.
– Ин фикри хешро ў ба чӣ асоснок кард?
– Гуфт, ки аз чашми мардум чизе пинҳон намемонад, чунки ба оғўши марди пир даромадани ҷавонзан бе мақсад нест.
– То инқилоби Октябр ҳамзабонони мо аз нуҳсолагӣ ба шавҳар мебаромаданд ё инро ҳам инкор мекунед?
– Инкор не, вале ба ҳама кор аз рўи вақт баҳо додан лозим, дигар занҳои мо он занҳои як аср пеш гузаштагӣ нес - танд. Онҳо ҳуқуқи хешро ҳимоя карда метавонанд.
– Шумо бар он ақидаед, ки Ғиёс дар куштори Раънои Носир даст дорад?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Нагуфтеду вале ўро ҷустан мехоҳед?

пешина
аз 513
навбатӣ