Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз ҳамин суханҳои қатъият.
– Хуш, дар куҷо вохўрем?
– Ҳар ҷо ки шоҳ бифармояд.
– Соати 18 туро дар тарабхонаи «Тоҷикистон» интизор мешавам.
– Ман розӣ.
Тук– тук– тук…
Ў бараъло ҳис кард, ки садои ба тиреза бархўрдани қатраҳои борон бештару тезтар шуд, мисли он ки мусиқӣ авҷ мегирад ва шунавандаро мафтуни хеш месозад. Мафтуни ин наво шуда буд, мафтуни навое, ки мардони оқил онро «раҳмати Парвардигор» мегўянд, чунки табиат аз ин раҳмат сероб мешавад, ҷон мегирад, аз хушкшавӣ раҳо меёбад.
Дар зери ҳамин наво мавҷи хаёлоти ў боз ба дуриҳо парвоз кард.
Раъно расо дар вақти таъйиншуда ба ҷойи вохўрӣ омад.
Дар тан куртаи ҳарири ранги сурх дошт. Мўйҳояшро низ кўтоҳ карда буд.
– Дер намондам? – пурсид ҷавонзан баъди салому ҳолпурсӣ.
– Ман тайёрам, ки як умр туро интизор шавам.
– Наход? – хандид Раъно.
– Бовар намекунӣ?
– Акнун бовар кардам, - бо ҳамон табассуми малеҳи хеш гуфт ҷавонзан ва бо таклифи ў ҳарду аз зинаҳо боло баромада, лаҳзае пас, пушти дари калони шишагине аз нигоҳи роҳгузарон паноҳ бурданд.
– Хуш, чӣ мефармоянд? – назди мизи онҳо пайдо шуд пешхизмат,
– Раъноҷон, кани гап зан.
Онҳо рўйхати таомҳоро, ки аллакай як маротиба аз назар гузаронида буданд, дар мизони ақл баркашиданд.
– Нимтоги шўрбо, хўришӣ “Вахё,” боз мебинем, - гуфт ҷавонзан,
– Шароб ҳам биёрам.
– Албатта, - ба Раъно имконияти сухан надода гуфт ў.
Раъно ҳам баробари ў нўшид ва ин тааҷҷуби вайро нисбат ба занҳои шарқ, ки аз нўшокиҳои спиртӣ дурӣ меҷўянд зиёдтар кард.

пешина
аз 513
навбатӣ