Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки ман аллакай ду никоҳро дидам, худат бошӣ то кунун зан нагирифтаӣ!
– Ҳамин гуна фикру ақида танҳо дар байни мо тоҷикон аст, дар русҳо ин хел нест.
– Пас чаро ягон зебосанамеро аз русҳо наовардӣ?
– Чунки аз худат зеботарашро наёфтам.
– Ин ҳамаашро сабаб он аст, ки он субҳ худатро рўйи роҳ дидаму рақами телефонро ба дастат додам, вагарна дар ду олам ёди ман намекардӣ.
– Бе рақами телефон ҳам ман рўзе ба суроғат меомадам.
– Худо медонад.
– Набошад, чӣ зарурияте буд, ки ман ду рўз дар Зартеғ наистода, боз ёди шаҳр намудам. Ҳамаашро сабаб туӣ ту.
– Ба фикрам дар Русия аз оимчаҳо дарси муҳаббатро дуруст аз бар кардаӣ.
– Он ҷо мо ба мардикорӣ рафтам, на ишқварзӣ.
– Яке аз ин корҳо монеаи дигараш шуда наметавонад.
– Метавонад ва боз чӣ хел.
– Далел?
– Дар он ҷо ҳама корро пул ҳал мекунад, яъне пул ҳаст мол мешавад, пул нест мол нест.
– Дар ин ҷо ҳам ҳамин хел аст, бе пул суханат асар надорад.
Ботинан ў тағйир наёфтааст. Вақте ки даҳ сол пеш ў муҳаббати аввалини хешро баён сохт, Раъно даст ба қафаси синааш гузошта хеле хандид ва ниҳоят гуфта буд: – «Ман ба ту бирасам – а? О, дар ҷайбат як танга пули пучак нест - ку».
– Хайр чӣ, ман туро дўст медорам.
– Бе пул суханат асар надорад, - хандида гуфта буд:
Раъно.
– Ҳоло мебинӣ, ки ман чӣ хел пулдор мешавам.
– Соҳиби пул, ки шудӣ, пас гапзанон мекунем, - бо нозу карашма Раъно он рӯз аз ӯ дур шуд.
“Не, ту аз ман халос намешавӣ. То ҳисобу китобамро бо худат баробар накунам, то аз ёлаҳоят лола начинам, бачаи Мудин набошам,” - аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Ман аз Русия дасти хушку холӣ наомадаам.
– Мефаҳмам.
– Аз куҷо мефаҳмӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ