Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў боз ду - се маротиба он рақамҳоро аз нав гирифт, аммо дигар касе гўшакро набардошт.
Аҷиб чаро ў яку якбора гуфтугўро қатъ намуд, шояд касе ба гуфтугўяш халал расонид. Модоме ки майли гуфтугў надошт, чӣ лозим буд рақами телефонро ба ман додан?
Умуман, ин занҳоро ҳеҷ фаҳмида намешавад. Худаш рўйи роҳ истода дили бандаро ба шўр овард ва акнун майли гап задан надорад. Гумон дошт, ки шабро дар суҳбати Раъно мегузаронад, лекин баръакс шуд. Ниҳоят бо дили ҳазин роҳи хонаи амакашро пеш гирифт.
Сари субҳ боз аз телефон - автомат ба ҳамон рақами дирўза занг зад.
– Гўш мекунам.
– Ин ман.
– Шодӣ?
– Ҳа, дирўз бегоҳӣ занг задам, вале хушат наомад, ки гап занӣ.
– Бубахш, ҳамаашро баъд ба худат мефаҳмонам. Исто, ки ҳоло дар куҷойӣ?
– Дар кўча?
– Маълум.
– Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ман аз кўча занг мезанам.
– Аз садои нақлиёти аз паҳлуят мегузаштагӣ.
– Вохўрдан лозим.
– Мақсад?
– Ҳамин хел туро дидан мехоҳам. Баъди вохўрии онрўза дилам ба туғён омадааст.
– Худат бояд хабар дошта бошӣ, ки ман дигар он меваи шохи баланд нестам.
– Биё мон ин гапҳоро, беҳтараш гўй, ки дар куҷо вохўрем?
– Чун зан гирифтӣ, маро ба тўят даъват намо, ҳамон ҷо вомехўрем.
– Дили ман фақат туро мехоҳад.
– Хоҳиши яклаҳзаина?
– Не, якумрӣ.
– Бовар намекунам.
– Чаро?

пешина
аз 513
навбатӣ