Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

мазкур тӯли садсолаҳо дар ғалбери вақт ларзиш хӯрд вале мақому манзалати хешро нигоҳ дош Аз он чӣ ки Абдумаҷидов пўсткандаи гапро гуфт, боиси баҳс ҳам набуд. Умри хеш дар милиса гузаронидаму аз як сухане ранҷидам. Охир, гумонбаршуда ҳаргиз маънии гуноҳкорро буданро надорад ва ман инро нағз медонистам. Пас чаро чун девори намкаш суханони Абдумаҷидовро ба дил наздик қабул намудам ва бо ин амали хеш шубҳаи ўро дар гунаҳкории худ бештар кардам. Охир Раънои Носир наметавонист, ки аввал заҳр хӯрда, пас ба ванна рафта худро овезад.
Модоме ки чунин аст, пас касе дар қатли ў даст дорад, вале ӯ кист б ҳамааш кам буд, ки борон бо шамол омехта шуда дигарбора ба шишаи тиреза ангушт зад…
Тук...тук...тук...
“Қадри нон аз гурусна, қадри об аз ташна ва қадри солимӣ аз бемор бипурс,” - гуфтаанд мардони хирад. Ӯ болои симтӯри беморхона дар ҳолати ногуворе қарор дошт ва ба тиреза бархўрдани қатраҳои борон торҳои қалбашро чун торҳои думбура ба ларзиш овард. Наво фораму дилнишин буд, аммо вай маҷоли кушодани чашмонашро надошт.
Метарсид, ки мабодо чашм кушояду дар рў ба рўяш он марди дарози хилъати сафедпўшро дида хотироти кунуниашро парешон насозад. Албатта, духтур боз ному насабаш мепурсад ва ӯ саргарми суҳбат шуда, аз шунидани навое, ки қалбашро ба шўр овардааст, лаҳзае фориғ мемонад.
Борон ба тиреза нею гуё ба торҳои дили ў нохун мезад: тук, тук, тук…
Баробари ба шаҳр омадан мошинро назди телефон - автомате боздошт ва он рақамҳои аллакай аз ёд намудаашро дар диск зер кард.
– Гўш мекунам.
– Раъно ин туӣ?
– Ҳа ман, кӣ мепурсад?
– Шодӣ.
– Рақами телефонро хато чиндед, – гўён Раъно телефонро хомўш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор