Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

милиса дар маҷлиси олӣ1 вакилонро ба муқобили ҳамдигар барангехт ва то субҳ аз дурўягии бархе аз онҳо кишвар аз як даст ба дасти дигар мегузашт ва баръакс. То кунун қисми шарқии кишвар дар зери иҳотаи аҷнабиён буд ва боз ин борон, ки ҳоло дар тиреза ангушт мезаду ангушт ба ҷойи «режими ҳарбӣ» эълон кардан демократияро пешаи кори хеш қарор доданд ва ба «истилогарон» имкон доданд, ки худро бо ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Шамол самти ҳаракати хешро дигар кард, ки қатраҳои борон дигар ба тиреза заданро бас намуданд. Маърўзаи «истилогарон» низ бе навои борон маъние надошт. Аз ин рў, банда каме имконият ёфта, сари марги Раънои Носир андеша намудам. То лаҳзаи вохўрӣ бо Абдумаҷидов ман дар он ақида будам, ки чун Раъно дар рехтани хуни шавҳараш даст дошта, овозаҳоро дар атрофи зингдагиномаи хеш шунида, ба худкушӣ даст зад, вале чун ташхиси тиббӣ - судӣ назарияи мазкурро рад намуд, ҳолатҳои дигари корро ҷустан лозим буд.
Ҳарчанд баъди марги мўйсафед ман аз завҷааш дурӣ меҷустам, вале худи Раъно гоҳ - гоҳе маро ёд мекарду ба ҷойи корам меомад ва ё ба ҷойи корам занг мезад. Чун ситораи ў бо Шабнам ҳеҷ рост наомад, аз модари Парвиз дурӣ меҷуст. Чанд рўз пеш аз ин фоҷиа Раъноро нохост вохўрдам. Ба ў китоби «Таърихи Табарӣ» лозим будааст.
Намедонам вай ки қариб бо китоб сару кор надошт, чунин китобро чӣ мекард. Вай хоҳиш кард, ки дар ёфтани китоб ба вай кумак намоям. Дар ноомади кор атола дандон шиканад гуфтагӣ барин, ёфтани китоб ба ҳамон рўзе рост омад, ки Раъно аз дорулбақо ба дорулфано реҳлат намуда буд. Маҳз ба хонаи ҳамсоя занг задани ман ба ҳамон лаҳзаҳое рост омад, ки Раъно аллакай дар қайди ҳаёт набуд. Ҳамин ҳолат ба милиса имкон дод, ки бандаро дар қатори гумонбаршудагон дар як саф гузорад.
Падару бобоёнамон ҳамеша таъкид мекарданд, ки сабурӣ хосаи мардони бузург аст ва баҳри исботи фикри хеш мегуфтанд, ки «санги вазнинро» об намебарад. Ақидаи
1 Маҷлиси Олӣ – ба маънии майнаи сар омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор