Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас маълум мешавад, ки ба ҳама дер омадану пеш аз бонги хурўс кулбаро тарк кардани ӯ муносибати онҳо аз чашми бадгўён пинҳон намондаанд. Мардум рост гуфтаанд, ки дуздию ғарӣ дар паси саргини хар аст. Раъно рў ба арш дар байни хаёлоти хеш буд. Дар рўшонии на чандон баланд тани ўрёни ў моҳии аз об ба соҳил афтидаро мемонд, ки шояд дар талоши бозгашт ба рӯди пуртуғён буд. Ӯ донистан мехост, ки Раъно шабҳои боқимонда бистари киро гарм мекарда бошад? Он лаҳзаҳо Раъно дар бораи чӣ фикр дошт, Шодии Муддин нафаҳмид, вале як чиз аён буд, ҷавонзан бо қалби хеш дар набард буд, ки оё месазад он сирри нуҳуфтаро ошкор сохтан?
Ў даст ба ҷисми он моҳии зебо бурд, аммо моҳӣ дар талвосаи ҷон худро ба ҳар тараф назад ва моҳигир саргарми тамошои сайди гирифтааш шуда, нафаҳмид, ки чӣ тавр он моҳии лағжон ўро ба оғўши хеш кашид. Моҳигир дигар худашро дошта натавониста, ҳамроҳи сайдаш ба дарё рафт…
– Шодӣ, ҳо Шодӣ.
– Чӣ буд? - чашмонашро кушод Шодӣ ва дар рў ба рўяш пирдухтарро дид.


Баробари аз дар баромадани корманди милиса сардори шуъбаи кадрҳо аз нав ба қироати он мактуб пардохт. Таваҷҷуҳи прокуратураро на танҳо муайян намудани ному насаби Ғиёс ва ё Ғиёсҳо, балки соли таваллуд ва дараҷаи маълумоти онҳо низ ба худ ҷалб намуда буд. Инаш кам буд, ки ҳомиёни қонун донистан мехостанд, ки се - чор соли охир чанд нафаре бо чунин ном аз кор рафтаанд. Умуман, идораи назоратии давлат ба номи Ғиёс чун занбўри асал ба ширинӣ часпида буд.
Ҳарчанд ў дар ин идора муддати на камтар аз як сол кор мекард, дар ҳамин муддат ҳам ду - се маротиба ба номаҳои мақомотҳои қудратӣ, нисбат ба шахсиятҳои алоҳида, ки таваҷҷуҳи ин мақомотҳоро бедор карда буданд, ҷавоб фиристода буд, лекин чунинашро дар ёд надошт. Вай ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки прокуратура аз Ғиёсҳо чӣ мехоҳад?
Миронова тугмачаи паҳлуи мизро зер кард. Лаҳзае пас духтараки мавзунқомате рухсат пурсида, вориди утоқи сардори шуъбаи кадрҳо шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ