Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Баъди як рўз ў боз роҳи шаҳрро пеш гирифт…
– Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Рафиқ майор, ман Зиёев.
– Гўшам ба шумо, рафиқ лейтенант.
– Имрўз ҳангоми санҷиши ҳолати паспортӣ ман бо яке аз шиносҳои наздики Раънои Носир - Фарангиси Қодир вохўрдам.
– Хуш, гап зан.
– Ба ростӣ, он чӣ ки Фарангис гуфт, ман бовар накардам, вале агар шуморо вақтатон бошад, мо якҷоя ба он ҷо равем.
– Шояд Фарангисро ба милиса ҷеғ занем.
– Ин ғайри имкон аст.
– Чаро?
– Чунки Фарангис гирифтори касалии фалаҷ аст.
– Шуморо фаҳмидам, гап занед, ки дар куҷо вохўрем.
– Агар бемалол бошед, ба ҳамин пункти такягоҳи ҷамъиятӣ меомадед.
– Ман розӣ, интизор шавед.
Абдумаҷидов сардори бахш Наврўз Умаровро бо натиҷаи занги телефонии лейтенанти милиса Зиёев шинос кард ва фикри ўро дар ин бора фаҳмидан хост.
– Чӣ ҳам метавон гуфт. Ба фикрам, нозири минтақавӣ худ дар сари кушодани нўги муаммо дармондааст ва акнун аз мо ёрӣ пурсида истодааст. Хоҳу нохоҳ худи ҳамин рўз бо Фарангиси Қодир вохўрдан лозим. Ба шумо барори кор хоҳонам, – гўён Умаров ба суҳбати яклаҳзаина нуқта гузошт.
Баъди борон табиат рангу таровати дигар гирифта буд.
То ҳанўз болои барги гулҳои паҳлуи роҳ қатраҳои шабнам ба чашм мерасид. Абдумаҷидов шоҳиди навозишҳои имрўзаи борон буд ва аз навои борон шаҷараи хеш бихонду давраи ҷавониаш ба ёд овард, ҳатто майли ба ягон намуди нақлиёт нишастан накард, ҳарчанд то пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ баҳри марди пиёдарав на камтар аз як соат роҳ буд. Баъди гармии тоқатфарсои имсола, ки тамоми шаҳр зери чангу ғубор буд, борони имрўза ин доруи дили ҳамагон буд ва қариб ки мардум нияти ба нақлиёти шаҳрӣ нишастан надоштанд. Ҳама мехостанд аз ҳавои тоза нафас гиранд ва майори милиса Абдумаҷидов низ яке аз онҳо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор