Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў дар кўчаҳои шаҳр қадам зада, сари хабари расондаи Зиёев андеша намуд. Чӣ тавр ҷавонзане, ки ба касалии фалаҷ гирифтор аст, метавонад аз сирру асрори Раънои Носир, ки баъди маргаш ҳам овозаҳои мухталиф дар атрофи номаш давр мезанад, воқиф бошад?
Дар атрофи номи Раънои Носир овозаҳо зиёд ва ҳатто марг ҳам он чангу ғуборро шуста натавонист. Номи некро эҳтиёт намудан ин фарз аст, вагарна дигар бо шустан ҳам онро сафед нахоҳӣ кард, мисли он ки Раънои Носир аз рўйи овозаҳо дар дили мардум чун қотили шавҳар боқӣ монд.
Соате пас ў ба остонаи пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ, ки аз рўйи тартиб рақами панҷ номгузорӣ шуда буд, қадам ниҳод ва боз баъди ним соат ҳамроҳи лейтенант Зиёев ба дари хонаи Фарангиси Қодир ангушт заданд. Дарро ба рўйи онҳо зани тахминан панҷоҳсолае кушода, чун нозири минтақавӣ Зиёевро шинохт, онҳоро ба хона таклиф намуд.
– Марҳамат гузаред, Фарангис шуморо дар дафтари кориаш интизор.
Дафтари корӣ гуфта, ў чиро дар назар дошт, дар лаҳзаи аввал Абдумаҷидов нафаҳмид, вале чун онҳо вориди дари дуюм аз тарафи рост шуданд, ҳамааш аён гашт. Ҷавонзани дар намуд биступанҷ - сисолае, ки ба соҳибхона мисли себи дукафон монанд буд, сари мизи корие нишаста китоб мехонд.
Умуман, ҳуҷра ҳам аз меҳмонхона дида, ба китобхона шабеҳи бештаре дошт ва духтараки дар паси миз нишаста майли аз ҷояш хестан накарда, онҳоро ба нишастан таклиф намуд. Абдумаҷидов ва Зиёев дар курсиҳое муқобил рў ба рўйи ҳамдигар нишастанд. Ҷавонзан бо қувваи дастонаш курсиашро (аробачаи махсус) каме қафотар бурд.
Абдумаҷидов ҳоли ў бидиду аз дил гузаронд, ки дар дунё зоғи бе доғ набудааст. Ў аз ҳама пеш симои Абдумаҷиди хўрдакакро пеши назар овард. Албатта, дарди Абдумаҷидов нисбат ба дарди Фарангис дард ҳам набуд. Ва он чӣ ки ў дар дафтари кории Фарангис дид, ин худ як нишонаи дилгармии ҷавонзан буд, ки ба рағми марг зиндагиро боло гузоштан мехост.
Расму мусаввараҳои дар девор овезон маҳсули дасти Фарангис буд ва як расми ҳанўз нотамоме рўйи мизи кории ў меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор