Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • пурсид кампири Зебо ва ў чизе ҷавоб гуфта натавонист.
    Шаб ба хонаи онҳо бобои Аҳрор омад ва аз ў дар бораи Раъно пурсон шуд. Шояд кампираш хабари омадани писари ҳамсояро ба гўши ў расонида буд.
    – Бачам, - гуфт мўйсафеди Аҳрори Носир, - Раъно моро шарманда сохт. Рўзе нест, ки мўйсафеди Нодири Файз ба ҳафтпушти тарбияткунандаи Раъно лаънат нафиристад. О, писари ту ки занашро саришта карда натавонист, айби мо чӣ, гуфтам ба ў. Бубин Раъно бо худ чӣ кард? Мегўянд, ки ў бо кадом як мўйсафеди по бар лаби гўрмонда издивоҷ намудааст ва боз чӣ гапу гапчаҳоеро аз «корнамоиҳои»
    Раъно ба Зартеғ овардаанд. Ана, ҳамин хел, бачам Шодӣ, рост гуфтанд, ки «сағира ба мақсад мерасаду сағирапарвар не». Дилам хун бачам, вале замин сахту осмон баланд.
    Тири нигоҳи ҷаззоби ҷавонзан дар як нигоҳ ончунон ба қалбаш пайкон зада буд, ки ин гуфтугў, аниқтараш озору бадгўиҳои Аҳрори Носиру ҳамсараш Зебо, суханҳои қабеҳу болохонадори Нодири Файзу писараш Салим он тараф истад, ҳатто шаби сиёҳ ҳам Раъноро дар чашми Шодии Мудин сиёҳ накард, ки накард.
    Баъди рафтани ҳаққу ҳамсоя аҳли хонадон то посе аз шаб гузаштан сари дастурхони пурнозу неъмат суҳбат намуданд. Падараш гуфт, ки мехоҳад духтари Саиди Каримро барояш келин кунад.
    – Чунон духтари зебо, ки…, - ба таърифи духтари Саид бархест хоҳараш Шаҳло, ки дар синфи ҳафтум мехонд.
    – Ман бояд ба ягон донишгоҳ дохил шавам, то донишҷў нашавам, зан намегирам, - гуфт Шодӣ.
    – То саршавии имтиҳонҳо ҳамагӣ панҷ рўз мондааст. Бе тайёрӣ чӣ хел мешавад? - ҳайрон шуда пурсид падар.
    -Ман тайёрӣ дидагӣ. Пас фардо бояд ба шаҳр баргардам.
    – О, зан гирифтанат даркор. Ба духтари Саиди Карим сад кас талабгор, мефаҳмӣ. Беҳтараш, ки мо рафта гапзанон мекардем, нон мешикастем ва чун худат донишҷў шудӣ тўй мекардем, - гуфт модари угай.
    – Не, беҳтар мешуд, ки шумо боз ду - се моҳ ин корро ба таъхир меандохтед, - гуфт Шодӣ.
    Падар ин сухани ў пазируфт.
пешина
аз 513
навбатӣ