Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соати 11.25 дақиқа ў умедашро аз омадани Абдумаҷидов канд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар атрофи марги Раънои Носирро гирифта, аз дар баромаданӣ буд, ки телефон занг зад.
Ҳарчанд аз роҳ гаштан хосияти нек надорад, вале муфаттиш бар- хилофи ҳама урфу одатҳо аз остонаи хона пас гашта, гўшакро бардошт, гумон дошт, ки Абдумаҷидов аст, вале котиба хабар дод, ки шефро ба прокуратураи шаҳрӣ даъват намуданд, бинобар ин ў муфаттишро баъди анҷоми кор қабул мекардааст.
Коғазҳоро болои миз гузошта, назди тиреза рафта, онро кушод. Осмон дар паси пардаи абр буд. Шамол бо мавҷи на чандон зиёди хеш дарахтони саҳни ҳавлии прокуратураро алвонҷ дода, мехост баргҳои зардшудаашонро резонад. Дар дигар ҳолат мешуд, шояд дар берун тамоку дармегиронд, лек ҳоло аз дафтари корӣ берун шуда наметавонист, чунки занги телефонии Абдумаҷидовро интизор буд.
Дуди тамоку дар фазои дафтари корӣ паҳн шуд.
Муфаттиш баъди хумор шикастан худро беҳтар ҳис кард. Аз паҳлуи тиреза ба берун назар афканда, хазоншавии табиатро баръало ҳис намуд. Рехтани барги дарахтон ин нишонаҳои аввалини тирамоҳи заррин буд. Табиат рў ба таназзул оварда буд, то дубора аз нав эҳё гардад.
– Ҳайфи умри одамӣ, ки ўро эҳёи дубора нест, – гўён муфаттиш он нимсўхтаи тамокуро ба хокистардони болои миз гузошта, ҷисми хешро ба курсӣ гирифт. Муддате нагузашта донаҳои аввалини борон ба шишаи тиреза бархўрданд ва лаҳзае пас он қатраҳо ба поён шорида чангу хоки шишаро шуста бурданд. Борон торафт шиддат мегирифт…


Баробари аз дафтари корӣ сардори милиса берун шудани Абдумаҷидов, навбатдор паёми муфаттиши прокуратураро ба гўшаш расонд. Ў дар қиёфаи наватдор дигаргуниеро ҳис кард ва ё шояд дар назараш намуд, ки рафту агар ў ҳамин паёми ноҷоро ба самъаш намерасонд, торс мекафид ва акнун ки «амонат» - ро бе хиёнат ба соҳибаш расонидааст, метавонад осуда бошад. Майори милиса баъди шунидани хабари навбатдор ҳарфе ба забон наоварда, ба ошёнаи дуюм баромада, дар рў ба рўйи дафтари кориаш қарор гирифт.

пешина
аз 513
навбатӣ