Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

гирифт. Бегоҳӣ баъди рафтани Абдумаҷидов ў ба номи сарвари беморхонаи шаҳрӣ, ки замоне дар он ҷо Раънои Носир ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор намуда будааст, мактуб навишта, барои маҳрум хислатнома талаб намуд.
Муфаттиш нағз мефаҳмид, ки ҳеҷ гуна ҳуҷҷат дигар ба Раънои Носир кумак нахоҳад кард, вале боварӣ дошт, ки сарвари беморхона ягона шахсест, ки марҳумро ба таври бояду шояд ба ў метавонад муаррифӣ намояд. Ҳамчунин, ў тариқи котибот чанд нафарро барои пурсиш ба прокуратура даъват намуд. Сараввал хост, ки дўсти хонадони Ёқуби Соиб Собири Файзро низ ба прокуратура даъват намояд, вале ҳамоно аз райъаш гашт ва ба Абдумаҷидов занг зада хоҳиш намуд, ки илоҷе намуда бо адвокат вохўрад. Майори милиса бо Собири Файз вохўрда буд ё не, то кунун барояш маълум набуд. Ақрабаки соат бошад, ба ёздаҳ наздик мешуд.
Даҳ дақиқа пеш прокурор тариқи телефон ўро ҳушдор сохт, ки соати 11.30 дақиқа ба наздаш дарояд. Ҳоло бошад, соат 10.48 дақиқа, дар дасти вай бошад, ба ҷуз он маводи то имрўз гирдоварда дигар чизе нест.
Бобо Самад ба утоқи кории Абдумаҷидов занг зад. Чун касе гўшакро набардошт, боз ҳамон 02 – ро ба ёд оварда, аз навбатдор дар бораи Абдумаҷидов пурсон шуд. Ба ў хабар доданд, ки майори милиса қариб як соат боз дар ҳузури Воҳид Камол аст.
– Хоҳиш мекунам ба ў расонед, ки ба прокуратура занг занад, - гўён муфаттиш гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Як соат боз дар утоқи Воҳид Камол чӣ мекобад? – норозиёна зери лаб ғунгос зад муфаттиш, вале ҳамоно хатои хеш фаҳмид, ки хандааш омад. Охир ў бо хоҳиши худ ба назди Воҳид Камол нарафтааст. Воҳид Камол чун прокурори мо арбоб аст ва шўхӣ ба арбоб ин баробари ба сари хеш бало овардан аст.
– Ба фикрам, шефи мо низ бандаро баҳри вазъгўӣ ба назди хеш хондааст. Оҳ, ин ҳама вазъу вазъгўиҳо ба ҷонам зад.
Ўро танҳо як фикр азоб медод. Ин ҳам бошад дар либоси Раънои Носир ёфтани хуни бегона. Чун худаш дар нимаи дуюми рўз се нафарро ба сифати шоҳид даъват намуда буд, имконияти аз пайи ин кор шуданро надошт. Ба ҳамин хотир мехост Абдумаҷидовро аз пайи ин кор фиристад, вале телефон хомўш буду хомўш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор