Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, калидро аз ҷайбаш бароварда, ба сӯрохии дар ниҳода онро тоб дод. Мисли он, ки қувваи барқ таконат медиҳад, лаҳзае дар пеши дар таваққуф намуд.
– Исто! Охир ҳамин гуна қулфро дар куҷо дидаам? – савол дод ў ба хеш ва ҳамоно ба савол ҷавоб дод:-Дар хонаи Раънои Носир. Дар ҳақиқат қулфи дари он хона ҳам мисли қулфи дари утоқи кории ў аз ҳама гуна махфияти қулфҳои англиси орӣ буд. Қулфе буд, ки ҳато кўр дар дохили он будани калидро пайхас мекард. Агар қулф одӣ намешуд, ҳангоми кушодани дар калидаш намеафтид. Модоме ки калид афтид, умуман, дар механизми дохили қулф тоб нахўрда будааст. Ва дар ҳолате ки калид дар дохили қулф тоб нахўрдааст, пас он барои назарфиреби ҳамин хел ҳамоил гузошта шуда будааст.
Мавҷи хаёлоти ў ба гузаштаи на чандон дур, ба рўзи чоршанбеи 21 сентябр парвоз кард.
Чун дар лаҳзаи аввали азназаргузаронии ҷойи ҳодиса онҳо марги соҳибхонаро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ карда ташхисгар - криминалист ҳам онро пазируфта эҳтимол доираи ваколатҳояшро ба пуррагӣ анҷом надод. Вай ҷуз ба наворгирию расм гирифтани ҷойи ҳодиса, баҳри дарёфти дигар нишонаҳо, ки ҷинояткор метавонист баъди амалӣ шудани нияти нопоки худ гузорад, чандон аҳамият надод.
Абдумаҷидов ба ёд овард, ки чӣ тавр бо хокаи махсус Маҳмадшифо Хоҷаев пештахтаи тирезаҳоро, ки ба ҷуз дар, метавонистанд баҳри фирори қотил хизмат намоянд, «тоза»
карда, ҳамаи нақшҳои ёфташударо ба дактилокарта гирифт.
Ду рўз пас аз ЭКО хабар доданд, ки ҳамаи нақшаҳои аз ҷойи ҳодиса гирифташуда аз рўйи хусусияти индувидуалӣ ба худи соҳибхона ва шахсони пеш аз азназаргузаронӣ вориди хона гашта, - Зиёев, Обидаи Баҳром ва дигарҳо тааллуқ доранд.
Модоме ки чунин аст, ҳам дар лаҳзаи аввали азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва ҳам баъди гирифтани натиҷаи ташхиси дактилоскопӣ ақидаи тафтишот дар бораи ба худкушӣ даст задани Раънои Носир бештару бештар шуд.
Не, то гирифтани натиҷаи ташхиси тиббӣ – судӣ касе ҳам наметавонист иброз намояд, ки дар лаҳзаҳои охири ҳаёти Раънои Носир дар он хонадон ба ғайри соҳибхона нафари дигаре будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ