Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бо хаткашак болои лисон хатҳои рост кашида, боз дар шакли вертикалӣ онро ба ҳиссаҳо ҷудо намудам. Ҳамин тариқ хомаро байни ангуштонам бозӣ доронда, фикрҳои аллакай сабтшударо аз рўйи коғазҳои дирўза дар алоҳидагӣ бо ҳама воқеаҳои баъди сабт рухдода, аз ҷумла суҳбати хешро бо дўсти хонадони Раънои Носир - Собири Файз дар катакчаҳои майнаам омехта намудам. На, ҳар кас тасаввур мекунад, ки чӣ шўру қиёме сари ин масъала дар майнаам бархест.
Ҳар кадоме аз он фикрҳо ба сина зада “ман!” мегуфтанд, ҳар кадоме худро ҳокими мутлақ эълон карданӣ мешуданд, гумон доштанд, ки дунё бе дару дарвоза аст. Новобаста аз талошҳои ҳирфавӣ дар ин табаддулот банда ҳақ надоштам, ки ба эҳсосот роҳ диҳам. Ман акнун дар байни даъвогарон вазифаи доварро ба душ доштам.
Довар на танҳо дар назди халқу Ватан, балки дар назди Худованд ҳам ҷавобгар аст. Ў нағз мефаҳмад, ки ҳама гуна хато бигузор, он ночиз ҳам бошад, ба тақдири нафаре метавонад хати батлон кашад. Не, маро андешаи солим бояд роҳбар мешуд. Ниҳоят тарафҳои ба шўромадаро ба гуфтушунид даъват кардам. Ба «исёнгарон» фаҳмонда додам:
ҳар кӣ даъвои ғолиб омадан дорад, бояд дар ғалбери вақт нишинад ва мо ўро меафшонем, мисли он ки ордро меафшонем. Ҳар ки аз сӯрохиҳои ғалбер гузашт, бо мо мемонад ва ба даври дуюму сеюми ин бозии тақдирсоз мебарояд. Ҳатто дар давраи финалӣ ҳам аз ғалбер бояд ду ғолиби озмун гузаранд, танҳо ҳамин ҳолат ғолиби аслиро ба майдон меорад.
«Исёнгарон» лаҳзае байни хеш муноқиша карда, ниҳоят фикри бандаро фикри оқилона гуфтанд. Охир, кӣ намехоҳад ғолиби ҳақиқӣ бошад. Дар ин ҷода «исёнгарон» тағобозию порадеҳиро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки мо ҳаргиз баҳри ғолиб омадан ба чунин кори паст даст нахоҳем зад. Онҳое, ки тағобозию порадеҳиро пеша кардаанд аз пастфитраттарин ашхосанд ва мо аз қабили онҳо нестем. Мо ба қуввати хеш, ба зӯрии бозуи хеш боварӣ дорем ва ҳар кадоме бо навбат бе ягон фишору зӯроварӣ ба ғалбер ман он ғалберро афшондаму афшондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор