Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро лозим буд, ки то соатҳои даҳ нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷӯиро тартиб диҳам ва баҳри тасдиқ ба назди сардори милиса барам.
Тайи солҳои дар милиса кор кардан, ҳамеша тартибу низомро риоя менамудам ва ҳарчанд аз хабари дишабаи ҳамсар дар бораи бемории ирсӣ доштани писарбачаам Абдумаҷиди нуҳмоҳа сарам ба дард омада буду гўшҳоям бонг мезаданд, натавонистам бархилофи одати хеш қадам ниҳам. Падарам, ки дар милиса мўи сари хеш сафед карда буд, ҳамеша таъкид мекард, ки кори имрўзро ба фардо гузоштани мард фоли нек нест.
Ба модари фарзандонам, ки то пушти дар ба гуселам омад, Худоҳофизӣ намуда берўн баромадам. Чун дар осмон ситораеро надидам, дурусттар назар карда, тамоми осмонро дар зери пардаи абри сиёҳ дидам. Новобаста аз он ки сол ниҳоят гарм омада буд, абрҳои осмонро печонида аз он гувоҳӣ медоданд, ки чархи гардун ҳамеша дар як ҳолат қарор надорад. Гармо дораду, сармо, борон дораду барф ва боз рўзҳои офтобию шабҳои маҳтобӣ.
Чун ҳанўз нақлиёти шаҳрӣ ба ҳаракат надаромада буд, сари роҳ таксиеро манъ карда то пеши бинои милиса омадам.
– Акбар Ҳакимович, ба фикрам янга ин субҳ шуморо аз хона пеш кардааст, - нимҷидию нимшўхӣ гуфт навбатдори бахш Фидоалӣ Мирзоев, ки дар донишгоҳ ҳамсабақ б.
– Чӣ хеле ки мебинед, - хандида гуфтам ман ва бо навбатдор вохўрӣ намуда, ба ошёнаи дуюм, ба дафтари кориам рафтам.
– Ба курси нишаста, аз ғалладони мизи корӣ чанд дона коғаз гирифта, болои миз гузошта будам, ки радиои деворӣ аз оғози рўзи нав хабар дод. Бо як ҳисси том Суруди миллиро гўш карда, сипас хома ба даст гирифтам.
Пеш аз оне ки хома болои лисон барам, дуюмбора суҳбатҳои хеш бо Бобо Самаду Собири Файз, хоҳишҳои Наврўз Умар ва супоришҳои Воҳид Камолро дар тарозуи ақл баркашида, аз ҷузвдон коғазҳои дирўза чун хотирот навиштаамро бароварда, мутолиа намудам ва болои лисон бо ҳарфи зебою хоно навиштам: – «Нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўйӣ аз рўйи ҳодисаи ба қатл расонидани Раънои Носир».

пешина
аз 513
навбатӣ