Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

аз дур вайро шинохта буду аз ронанда хоҳиши манъ намудан карда буд, овоз дод:
– Сағира, бишин!
Тайи чандин сол касе ӯро сағира нагуфта буд ва қариб буд, ки сухани баде ба забон биёрад, вале ба тарафи соҳиби овоз нигариста лол монд. Нафас дар гулўяш печид.
– Нашинохтӣ?
– Раъно.
– Ҳа, ман боз кӣ мешуд? - гуфт ҷавонзан ва барои вохўрӣ даст дароз кард.
Чун дасти Раъно ба даст гирифт, гумон кард, ки дасташ сўхт. Мисли оне ки барқ зада бошад, на танҳо дасташ, балки қалбаш низ такон хўрд.
– Хайр бишин, то куҷо барам?
– Ман ба деҳа рафтанӣ.
– Чун омадӣ ана бо ҳамин телефон занг зан, - гўён Раъно аз сумкачааш дафтарчаеро бароварда, рақами телефонашро ба он навишта, ба дасташ дод. -Ба деҳа, ки рафтӣ, ба пиру кампири мо ҳам салом гўй.
– Ману ҳамсоя, - ў ба тарафи ронанда ишора кард, - ба тўй рафта истодаем, агар вақтат бошад, биё якҷоя равем.
– Не, ман бояд ба хона равам, ба шумо роҳи сафед!
Ронанда муҳаррикро ба кор андохт.
– Чун омадӣ, албатта, занг зан, гуфт Раъно.
– Хуб шудааст, - гўён ў оҳиста дари мошинро пўшид.
– Ин қадар гапи бисёр задӣ, - эътироз кард Муин, ки худ низ дуртар аз ў мошин манъ мекард.
– Як шиносро дидам, каме суҳбат кардем.
– Чӣ хел шинос?
– Шиноси давраи бачагиамро.
– Модоме ки шиносат буд, чаро савор нашудӣ?
– Роҳи онҳо ба дигар тараф будааст.
– Ана боз вайяшро нигоҳ медорем, - гўён ў боз даст бардошт ва ин дафъа низ мошине аз паҳлуяш гузашта истод.
Лаҳзае пас ҳарду савори мошин роҳи деҳро пеш гирифтанд.
Ҳанўз чашми рўз накафида бистари хобро тарк намудам. Ҳарчанд қариб ки тамоми шаб мижа таҳ накардам, вале аз рўзҳои пешин дида аз хоб пештар хестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор