Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

«Исёнгарон» то оғози рўзи корӣ ду маротиба дар озмун иштирок намуда, қисме дар давраи шонздаҳякфиналӣ ва қисми дигар дар давраи ҳаштякфиналӣ мағлуб шуда, майдонро тарк карданд.
Боқимондаҳо имконият пайдо намуданд, ки ба марҳилаҳои дигари озмун тайёрии пухта бинанд. Ман ҳамчун довар дигар имконият надоштам худсарона озмунҳои сеюму чорумро ташкил кунам. Аз ҳамин лиҳоз ба иштирокчиёни озмун фаҳмондам, ки бе тайёрии пухта ба финал баромадан амри муҳол аст ва номи ҳамаи онҳоеро, ки дар мусобиқаҳои шонздаҳ ва ҳаштякфиналӣ аз ғалбер гузашта буданд, чун довталаб ба озмунҳои навбатӣ бо хатҳои «заррин» болои лисон навиштам.
Рӯӣхати ғолибонро, ки иштироки онҳо дар озмунҳои навбати тасдиқи сардорро талаб мекард гирифта даҳ дақиқа пеш аз вақти таъйиншуда ба дари ҳуҷраи кори Воҳид Камол ангушт задам.
Сардори ШКД, ки то ин лаҳза сари мизи кориаш чизе менавишт ба садои банда, ки нияти ба наздаш даромадан доштам, посухи мусбӣ дода, аз рўи коғазҳои болои миз назари хешро ба тарафи дар равон кард ва чун маро дид, ҳамоно ба соати болои дар нигарист.
Замоне Воҳид Камол дар космодроми Байконур ҳамчун аскари қаторӣ адои вазифа мекард. Ҳамон солҳо сарварии космодромро лётчик - кайҳонавард Алексей Леонов - ҳамон марде, ки бори аввал дар кайҳон ба фазои кушод баромада буд, ба душ дошт. Маҳз Алексей Архипович борҳо дар бораи интизоми ҳарбӣ дар назди аскарону афсарон сухан гуфта таъкид мекард, ки “шуморо тақдир ба ҷое овардааст, ки мардумон замоне аз рўи реҷаи кории ў соатҳои хешро дуруст мекарданд.” Мардуми таҳҷоӣ, ки аввалин ташкилкунандагони космодром буданд, низ ҳамин фикри Леоновро тасдиқ намуда мегуфтанд, ки дар суханони ў заррае муболиға нест. Ҳамаи ин суханон дар бораи Сергей Павлович Королёв гуфта шуда буд. Агар интизоми оҳанини Королёв намешуд ва агар Сергей Павлович аз зердастон ҳамин гуна интизомро талаб намекард, ба гумон буд, ки аввалин фатҳкунандаи кайҳон халқи советӣ гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор