Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кулли мардони бузурги дунё аз занҳои хеш ҷафо дидаанд, пас аз мо бандаҳои авом чӣ ҷойи гила? Шояд суханони «сагвафои занҷафо» низ аз каломи ҳамин мардони бузург то ба мо расида бошад.
Ҳарчанд зиёда аз сӣ сол пеш китоби «Чор дарвешро»
қироат карда бошам, вале саргузашти «Хоҷаи сагпараст» –ро ба ёд оварда дилам аз олам, минҷумла аз зан монд.
“Аспу зану шамшери вафодор кӣ дид?” – боз ба ёд овардам суханони қиблагоҳамро ва қалбам фишурда шуд.
Ба ростӣ, ин се чизе, ки падарам мегуфт беибо метавонис
-танд, моли нафаре бошанд, ки дар айни вақт мутеъаш ҳастанд. Чунин бевиҷдониро танҳо саг ба худ раво намебинад. Не, сагро то худи соҳибаш зада аз хона пеш накунад, ў ба ҳама бешу ками хонадон қаноат мекунад.
“Намедонам ба ман имрўз чӣ бало зада буд, ки нисбати ҳамсари хеш чунин андеша намудам?
– Бисту панҷ сол аз ў ҷафое надидам, наход акнун ҷафокор шуда бошад?. Не, не ин ҳеҷ мумкин нест. Охир мо наберадор шудем ба қавле.
– Пой бар лаби гӯр мондем, гўй.
– Беҳтараш ба ҳар ош қатиқ нашав!
– Аз гуфтан ва шунидан сухани ҳақ меҳаросӣ – ку.
– Дар ин замона дурўғ ҷойи ростиро гирифтааст.
– Дар назари худат, дар асл бошад дунё на ба он ҷодаест, ки худат андеша дорӣ. Дидӣ, мусоҳибат чӣ гуфт?
– Чӣ гуфт?
– Сараввал суханони хешро ба ёд биёр?
– Инаш чӣ лозим?
– Чунки муколамаро бе пайвастагӣ фаҳмидан душвор.
– Ман як соат бо он кас дар баҳс будам ва намедонам худат кадом сухани гуфтаи бандаро ба назар дорӣ. Марҳамат, маро бо ман шинос намо!
– Тарзе гап мезанӣ, ки гўё…
– Шуд, шуд, метавонӣ, ки хомўш бошӣ!
– Он кас гуфтанд ки…
– Биё мон!

пешина
аз 513
навбатӣ