Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло хунбаҳо нест, холаҷон. Як ё ду сол ба маҳкама мекашандат ва боз зиндагиро давом медиҳӣ.
– Хунбаҳо нест, ки дигар касе касеро гўш намекунад.
Мардумоне, ки қасди ҷони якдигар мекунанд, медонанд, ки бо ҳар роҳу восита аз ҷазо озод мешаванд ё ба муҳлати камтарин ҳабс мешаванд, зеро баъзе аз милисаҳо, прокурорҳо ва судҳо бо роҳи тағобозию пора ба курсии мансаб омадаанд.
Онҳо низ чун ронандаи маст худашон шоҳу таъбашон вазир аст, шиорашон бошад «гўр сўзаду дег ҷӯшад» ва ё «як рўз бошу хурўс бош» аст.
– Холаи Марҳабо, шуморо дар телефон мепурсанд,– овоз дод касе ва холаи дарбон ба тарафи овоз рафт…


Баъди рафтани Абдумаҷидов ман қариб ним соат ё шояд зиёдтар аз ин сари мизи корӣ наҷунбида истодам. Ин вохўриро ҳаргиз тасодуфӣ номидан мумкин набуд. Мо шиноси наздик ҳам набудем, ки сари субҳ бо Бобо Самад гуфтугўй намояду бегоҳ ба ҷойи ба хона рафтан ба аёдати ман биёяд. Ман ҳазорон бор безор аз чунин дидорбинӣ. Ба дидорбинӣ омаду қариб даст ба гиребон шуда будем. Не, ин ҷо сиррест, ки банда намедонам. Бубин, ба ҳама роҳнамояму чун навбат ба худам расид, роҳгум. Касе нест, ки рози дили хеш ифшо созам. Маслиҳат пурсам.
“Шабнам чӣ? - нидо омад аз қалбам.
Шабнам мегўӣ? Хайрият ў муфаттиш нест, вагарна ман аллакай дар хонаи нигоҳдории муваққатӣ ва ё дар маҳбас будам. Магар бо Шабнам дар ин бора гуфтугў намудан ҷойиз аст?
-Ҳаргиз. Занҳои ҳама зан шуданду зани ман бало.
Аз Шабнам дида бо ҳамин майори милиса рози диламро мекушодам, беҳтар буд. Аҷиб, ҳамсари ў низ мисли Шабнам бошад?
Худоё, вай зангзананда куҷо шуд? То субҳи содиқ тоқат накарду гўши фалак дарид. Модоме ки чунин нома дошт, пас куҷо гум шуда рафт. Ё замин ўро фурў бурд? Ва ё одамони дигар сайёра дар он субҳи солеҳон ўро ба лаълии паррон шинонда бурданд? Эй кош чунин мешуд!
– Бо дуои кӯрмўш борон намеборад.
– Ё тавба ту ҳам ба муқобили ман хестӣ?” Модоме ки қалбам бо ман ҳамқида нест, чӣ ҷойи гила аз Шабнам?

пешина
аз 513
навбатӣ