Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шукри Худо, ки ду мошин дорем.
– Оҳҳо. Мо як аробаро харида наметавонему худат дар чунин синну сол соҳиби ду мошин - ҳа?
– Ҳа, ҳамин хел, холаҷон.
– Аз холаат ба худат як насиҳат.
– Гўшам ба шумо, холаҷон.
– Ҳар чӣ гуфтам, чун девори намкаш ба худ нагир, ҷони холаш.
– Хуб шудааст.
– Бисёре аз ронандагон, ҳамин ки ба сари чанбарак нишастанд, мўйлабашонро табар намебурад, худашон шоҳ мешаванду табъашон вазир. Гумон доранд, ки ба ҷуз онҳо дар ин дунё касе нест, чун ҳодисае рух дод мисли ана ҳамин ронандае, ки ҳоло рафт, мусичаи бегуноҳ мешаванд. Чунон уволак мешаванд, ки гумон месозӣ касе аз онҳо дида бегуноҳу бечоратар нест.
– Рафту дар ҳодисаи мегуфтагиат роҳгузар гунаҳкор бошад - чӣ? -савол дод ҳамон ҷавон.
– Чӣ хел гунаҳкор? Чӣ магар ў аз ҷонаш сер шуда будааст, ки худро ба зери чархи мошин мепартофтааст?
– Аз куҷо донам?
– Модоме ки намедонӣ, хап шин. Чанд соат духтурон болои он бемор ҷонбозиҳо карданд.
– Инашро фаҳмидем, холаҷон.
– Фаромўш накун, ҷони хола, ки дар кайҳон ҳам аз зарби оҳан дигар ҷой гузар нест. Ана, дар осмон ҳам чӣ тавр тайёраҳо ба ҳам бармехўранд. Гирем ҳамон тайёрае, ки аз Уфа бо хонандагони мактаб парвоз кард. Аз беаҳамиятии садрнишинон он бо тайёраи дигар бархўрд.
– О, гуфтанд, ки сукути тайёраҳо бо айби дистпечер шудагӣ?
– Гуфтанд ё не, бе натиҷа. Магар аз гуфтанҳои зиёд онҳое, ки дар дохили тайёра буданд, зинда мешаванд?
– Не.
– Ана, дидӣ, модоме ки дар худи кайҳон роҳи гузар нест, пас чаро дар замин мо эҳтиёт накунем? Хайрият, умраш боқӣ будаасту ин ҷавони сари субҳ ба зери чархи мошин монда ба худ омад, вагарна ин ронандае, ки шумо худатон дидед, хунбаҳои ўро чӣ хел медод?

пешина
аз 513
навбатӣ