Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат ман бо рафтори хеш ба ў чунин имконият додам, ки нисбат ба банда чунин андешаронӣ намояд, ё шояд ҳамаи ин натиҷаи корҳои ҷустуҷўист?
– Кӣ медонад?” Фарошзан омаду ман дилу бедилон аз ҷой бархеста, берун баромадам. Шом фаро расида буд. Ман ба тарафи шарқ, ба сўйи истгоҳ ҳаракат кардам. Фикрҳои мухталиф тамоми роҳ маро дунболагир буд. Шабнам дар ошхона ҷунбуҷўл дошт. Шояд ў садои қадамонии бандаро мешинохт, ки баробари вориди хона шуданам овоз дод:
–Дадои Парвиз омадед?
– Ҳа,чӣ буд?– беихтиёр пурсидам ман.
– Сари субҳ не, дурусттараш чашми рўз накафида, чун дузд хонаро тарк карда меравию боз мегўйӣ, ки чӣ буд?– аз ошхона баромада гуфт модари Парвиз.
– Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан! Чаро ман аз хонаи худам чун дузд баромада мерафтаам?
– Намедонам. Беҳтар мешуд, ки ба ин савол худат ҷавоб мегуфтӣ. Рафтори имрўзаатро ба ёд биёр. Он кӣ буд, ки ҳанўз чашми рўз накафида, бо занги телефонии хеш гўши фалак дарид. Ба фикрам, зангзананда ҳеҷ гоҳ аз кўчаи одоб нагузашта будааст. Худат бошӣ ҳатто фарорасии рўзро интизор нашуда, ба истиқболи оне, ки аз кўчаи одоб нагузашта буд, шитофтӣ.
– Гуфтам - ку, он мард хоҳиш кард, ки ман ўро дар суд ҳимоя кунам.
– Набошад, имрўз дар суд будӣ гўй?
Хостам, ки ҳа гўям, вале ҳамоно аз раъйам гаштам. Рос - тиро завол нест, гуфтаанд ва банда низ авзои парешони Шабнамро дида, каломи ростро ба забон овардам:
– Не.
– Чаро?
– Он кас умуман ба ҷойи вохўрӣ наомад.
– Чӣ хел наомад?
– Ҳамин хел одӣ наомад. Охир ман аз куҷо донам, ки чаро ў наомад.
– Чӣ ўро замин кашид?
– Надонам, ўро замин кашид ва ё бо лаълии парон ба дигар сайёра бурданд, ки ба ҷойи вохўрӣ ҳозир нашуд.

пешина
аз 513
навбатӣ