Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рост гуфтаанд, ки «сухани нек морро ҳам аз лонааш мебарорад». Дар давоми рўз ҳамсоязан чор - панҷ маротиба аз пайи иҷрои суханони дўсти хонадони Раънои Носир мешавад, вале ҳар замон дарро маҳкам мебинад ва хавотир мешавад.
Мехоҳад дар ин бора ба вай хабар диҳад, вале рақами телефонашро, ки дар коғазчае навишта буд, ёфта наметавонад.
Ҳамсоя бегоҳӣ дар ин бора ба раиси бино фикри хешро иброз медорад, вале ў ҳам ба хулосае омада наметавонад.
Субҳи рўзи чоршанбе ҳамсоязан калидро дар сӯрохии дари ҳамсоя дида, боз занги дарро пахш мекунад ва чун ба занги чандинкаратаи хеш ҷавоб намегирад, боз ба назди раиси бино меравад ва фикри хешро иброз медорад ва ҳарду якҷоя ба милиса занг мезананд.
Дар ҳузури ҳарду нозири минтақави Зиёев ва намояндаи хоҷагии манзили коммуналӣ дарро шикаста, вориди хона мешаванд ва ҷисми беҷони дар ванна овехташудаи соҳибхонаро дида, ба милиса занг мезананд. Пас аз ним соат гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ таҳти сарварии муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Бобо Самад ба ҷойи ҳодиса меоянд.
Аз рўйи нишондоди ҳамсоязан Обидаи Баҳром ва шахсони дар кушодани дар иштироккунанда гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ аз лаҳзаи аввали ба ҷойи ҳодиса омадан назарияи ба худкушӣ даст задани ҷавонзани бистушашсола Раънои Носирро чун назарияи асосӣ ба инобат гирифта, маҳали сар задани ҳодисаро аз назар мегузаронанд. Намояндаи ташхисгоҳи тиббӣ бо хулосаи аввалини хеш гурўҳи тафтишотиро бовар мекунонад, ки ҷавонзан на камтар сиву се
- сиву панҷ соат пештар бо зиндагӣ падруд гуфтааст. Чун хона дар ошёнаи сеюм воқеъ гардида, дар бо калид аз дохил маҳкам будааст, касе аз аъзоёни гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ ба гўшаи хотир ҳам наовардааст, ки ин ҷо куштор рух дода бошад.
Тайи як ҳафта тафтишот то андозае дар атрофи номи Раънои Носир дидаву шунидаи мардумро болои варақ овард.
Ҳарчанд аз қафои шахси фавтида гуфтани сухани нобаҷо ҷойиз нест, вале баҳри ба рўзгори Раънои Носир равшанӣ андохтан муфаттиш тамоми чораҳоро андешид ва ба ҷуз наздикону пайвандони ў фикру ақидаи мухофлифонашро низ шунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор