Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аксари мардум бар он ақида буданд, ки Раънои Носир аз рўйи ҳисобҳои пешакӣ бо марди ҳафтодушашсола издивоҷ намуд. Чун ба муроди хеш бирасаду аз никоҳи қонунӣ бархӯрдор гашт, дилаш аз шавҳари пир монд ва ўро ба «нафақа»1 гусел кард. Ҳар чанд мардум дар ин бора далеле надоштанд, вале аксар дар он ақида буданд, ки Ёқуби Соиб бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк накардааст.
То кадом андоза ин гапу калочаҳо асос доштанд ё не, тафтишот баҳри собит намудани онҳо кўшише ба харҷ надод, чунки гунаҳкори асосӣ, агар дар ҳақиқат вай гунаҳгор ҳам мебуд, ҷазои хеш аз Офаридагор гирифта буд.
Се рўз пеш ба назди ў дўсти хонадон, адвокат Собири Файз омада буд ва қариб ду соат бо Бобо Самад суҳбат намуд.
Муфаттиш чизеро аз вай пинҳон накард ва дар атрофии фикру ақидаи мардум нисбат ба Раънои Носир пурсон шуд.
–Ҳамааш гапҳои беҳуда, мўйсафед болои дастони ман ҷон дод. Рост гуфтаанд, ки сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгўёнро не, – ба ҳимояи Раънои Носир бархест Собири Файз.
Баъди ин Бобо Самад каме осуда шуд. Модоме, ки худи адвокат, ки ўро Ёқуби Соиб писар мегуфтааст, нисбат ба завҷаи дўсти қиблагоҳаш даъвое накард, пас ҳама овозаҳоро бофтаи худи бадгўён ҳисобид.
Имрўз бошад. Ба назар чунин намуд, ки хулосаи ташхиси тиббӣ вуҷудашро сӯхт ва ҳамоно коғазҳоро болои миз гузошт.
Агар эҳтироми ў нисбат ба донишу заковати Баҳриддин Давлатович намешуд шояд, гузаронидани ташхиси тиббии такрориро талаб мекард. Модоме, ки худи Шарифов ба хулосаи ташхис имзо гузошта буд, дигар ҷойи баҳсу мунозира набуд.
Як ҳафта тафтишот чун оби ҷўй орому беовоз дар маҷрои хеш равон буду муфаттиш алакай дасту остин бар зада, ба тақдири Раънои Носир нуқта гузоштан мехост, ки туғёне аз баҳри калон мавҷи бузургеро ба соҳил тела дод. Он мавҷ чун

1 “Нафақа” - ба маънои ба он дунё фиристод омадааст.

пешина
аз 513
навбатӣ