Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Гўшту нохунро касе аз ҳам ҷудо накардааст.
– Дўст гўяд табарвор...
– Дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез.
– Не, ман қалбам, ҳидоят ба роҳи рост ин вазифаи ман аст. Шиори ман: «Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад», буд ҳаст ва мемонад.” Касе ба дар ангушт зад ва банда аз муколаммаи минбаъда раҳо ёфтам…
Хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ки ба зери он ташхисгари дараҷаи олӣ Баҳриддин Шарифов имзо гузошта буд, тафтишотро водор месохт, ки минбаъд қотилро ҷўянд, на сабабҳои ба худкушӣ даст задани ҷавонзанро. Ҷустани қотил бошад, баҳри тафтишот гаронтар буд. Як ҳафта қотил имконияти пурра дошт, ки нақши дар ҷойи ҳодиса гузоштаашро пурра нест кунад, ё худ аз он маҳал ба дигар ҷой фирор намояд.
Чунин ҳолат доираи корҳои ҷустуҷўиро боз ҳам мураккаб месохт.
Баҳриддин Шарифов бо хулосаи худ исбот намудааст, ки ҳангоми азназаргузарони ҷойи ҳодиса гурўҳӣ фаврӣ – тафтишотӣ дар куҷое ба хато роҳ додааст.
Бобо Самад бори дигар коғазҳои дар дасташ бударо мутолиа намуда, сабабҳои ба хато роҳ додани гурўҳи фаврӣ - тафтишоттиро, ки худ низ шомили он буд, ҷўё шуд...
Субҳи рўзи сешанбе 20 сентябр чанд маротиба ба хонаи Раънои Носир дўсти хонадон Собири Файз ном адвокат занг мезанад ва чун касе гўшакро намебардорад, ба хонаи ҳамсояашон занг зада хоҳиш мекунад, ки Раъноро ба телефон ҷеғ зананд. Ҳамсоя хоҳиши муштариро, ки нағз мешинохтааст, ба замин намонда, аз пайи ҷеғ задани Раънои Носир мераваду лаҳзае пас гашта омада, ба муштарӣ ҷавоб медиҳад, ки ҳарчанд калид аз дарун дар сўрохии дар аст, касе ҷавоб намедиҳад.
Чӣ илоҷ, модоме ҷавонзан ҷавоб намедиҳад, мумкин касеро дидан намехоҳад. Ба ҳар ҳол Собири Файз аз ҳамсоязан хоҳиш мекунад, ки чун Раъно пайдо шуд, ба ў занг занад, зеро кори ниҳоят муҳиме дорад ва барои ташвиш додан аз ҳамсоя узр пурсида, ташаккури беандоза иброз медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор