Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Охир ў дуздро, ки дар обмурӣ дарёфтааст, чаро ба ризқу - рӯзии хеш зомин мешудааст?
Ба назар чунин менамуд, ки андешаҳои дар майнаам даврзананда аз катакчаҳои майнаам бештаранд ва мисли мансабталошон ҳар кадоме дар фикри ишғол кардани курсию мансаб ҳарифи хешро чашми дидан надорад. Маҳз манфиати шахсиро аз манфиати умум боло гузоштани онҳо боиси низоъҳои дохили гардида, ба якпорчагии кишвар хатари бештаре таҳдид мекард.
Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чаро шахсе, ки то дамидани субҳ тоқат накарду бо занги бармаҳали хеш гўши фалак дарид, ба ҷойи вохўрӣ наомад. Охир ҳамааш аён буд, ки мақсаду мароми ў чист? Ё дар лаҳзаи охир андеша намуд?
Ба гумон аст.
“-Шояд ба ҷойи вохўрӣ наомадани ўро сабаб дигар аст?
– Чӣ хел дигар? – аз сангари муқобил чун ҷавобак овоз дод қалбам.
– Фарз намудем, ки ягон хел нома нест.
– Ғулом озодӣ хоб мебинад.
– Чаро ғулом?
– Агар нома намешуд, магар ў занг мезад?
– Рафту агар он нома мебуд, ҳатман ба ҷойи вохўрӣ меомад.
– Одаму дам гуфтаанд.
– Ба фикри худат.
– Ҳеҷ гуна фикр не, вале ҳама кор шуданаш мумкин.
Ҳоло нақлиёт қариб аз аҳолии шаҳр бештар аст.
– Агар шуморо нағз фаҳмида бошам, он кас дучори садамаи автомобилӣ шудагӣ?
– Ман ин хел нагуфтам, ин фикри шахсии худат.
– Охир мову ту як ҷону танем?
– Дар сангарҳои муқобил?
– Ташаббускори ин ҷудоиҳо худат ҳастӣ?
– Чӣ, ман ҳуқуқи ақидаи хешро гуфтан надорам?
– Дорӣ.
– Пас чӣ ҷойи гила?
– Ба ҷуз дўст ба кӣ гила намоям?
– Пас аз ман хафа нестӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор