Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Чӣ хел бузург аст муҳаббат! Новобаста аз он ки муҳаббат сарҳаду давлат ва мазҳабу миллатро эътироф намекунад, вале ўро як чизест, ки оммафаҳм ва онро алифбои муҳаббат мегўянд, ки аз алифбои Морзе ҳам нозуктар, вале сад афсўс ки онро дўсти қиблагоҳи ман Ёқуб Соиб нафаҳмид.
Мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту сард мекардагӣ ҳам зан.
Суҳбати телефонӣ бо муштарии ношинос, ки худро хаткашон муаррифӣ намуда, овардани номаро аз ҷаҳаннам ваъда доду ба ҷойи вохўрӣ наомад, бандаро ҳарчи бештару бештар дар вартаи андешаҳои бесару нўг нигоҳ медошт.
Ишқи зани ҷавону марди пир имрўз маро «ғуломи андеша» намуда буд. Гирдоби андешаҳо маро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт. Дар куҷое хонда будам ва ё шояд шунида будам, ки аз рўйи тадқиқоти илмӣ дар давоми ҳафтод соли умри хеш инсон ҳамагӣ панҷ фоизи майнаашро нисори андеша месозад.
– Не, ҳеҷ боварам намеояд. Маҳз ҳамин рўз дар сари банда он қадар фикрҳои зиёде чун гирдбод, ки чангу ғуборро бо ҳам мепечад, тоб хўрд, ки ҳисобаш нест. Рафту агар Раънои Носир дар васиятномааш навишта бошад, ки шаби охирини бо ҷаҳон падруд гуфтани мўйсафед, ман ўро бо чашми сар надидам ва аз рўйи мақсадҳои нопоки хеш суханони қотилро тасдиқ намудам. Ё ў дар номаи аз ҷаҳаннам фиристодааш оварда бошад, ки ман он ампулаи «Адреналин»
- ро, ки сабабгори марги Ёқуби Соиб гашта буд, дарёфтам, вале ин сирро пинҳон доштам.
“Ҳеҷ мумкин нест, ки ў чунин навишта бошад?” - худро ором карданӣ шудам ман, вале аз замирам садое бархест:
“Чаро мумкин набудааст? Бори каҷ ба манзил намерасад.” “Бори каҷ, бори каҷ” - гуфтам ман ва беихтиёр каломеро, ки аз забони қиблагоҳам шунида будам ба овардам:
То ба манзил бори каҷ гӯянд натвонад расид, Лек мо дидем, ки бори каҷ з-и манзил ҳам гузашт.
Афсӯс бар он хӯрдам, ки чаро аз лаҳзаи аввал ба каломи ҳамсар аз паси панҷа нигаристам.
Дар давоми камтар аз як шабонарўз ману қалбам дар ду сангари муқобил ҷой гирифтем. Модоме ки қалбам маро нафаҳмид, чӣ ҷойи гила аз бегона? Магар номарасон метавонад ризқу - рӯзии хеш пеши по занад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор