Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Магар шахсе, ки ин субҳ хоби мо нороҳат сохт, тарбияи падарро дида бошад?” - савол додам ба худ, вале ба он ҷавоб наёфтам. Агар ўро падар буд, мардест, ки ҳалолро аз ҳаром фарқ накарда, вагарна чӣ тавр метавонист писари ў шантажро воситаи рўзгузаронии хеш интихоб намояд. Чаро ў пеш аз занг задан андеша накард, ки изои муъмин ҳаром аст?
Рафту ризқу - рӯзии одами барвақтхез зиёд мешуд, имрўз бояд корафтодагон ба банда чун замбўри асал ба ширинӣ дармеафтиданд. Ба замми он ки сари субҳ он муштарии ношинос ба ҷойи таъинкардаи хеш наомад, ҳатто нафаре ҳам ба дари маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ангушт назад, ҳол он ки чунин рўзҳо дар ёддошти банда ҳангоми кор дар адвокатура қариб ки ангуштшумор буданд.
Соате пеш аз анҷоми кор Парвина Асоевна ва Аббос Алиевич умедашонро аз омадани миҷозон канда, бо мо худоҳофизӣ намуданд.
Чанде қабл аз рафтани онҳо касе ба дари утоқи корӣ се маротиба оҳиста ангушт зад. Ҳамкорамон Кайҳони Ҳоким, ки ҳамагӣ се моҳ пеш баъди хатми донишгоҳ ба адвокатура омада буд, баробари шунидани алфавити муҳаббат бо ман хайрухуш карда, аз дар баромад.
Лаҳзае пас ман аз паси оинаи тиреза Кайҳонро ҳамроҳи духтараки қоматбаланде дасто ба даст дидам, ки ба самти муқобили кўча гузаштанд. Ҳамин лаҳза беҳтарин ҳолати хотирмоне буд, ки дар давоми рўз дар ёди банда нақш баст.
Ман аз он хурсанд шудам, ки муҳаббат дар қалби Кайҳони хапак ё ба ақидаи Парвина Асоевна Кайҳони муғамбир ошён гузошта буд.
Рафтори Кайҳони Ҳоким саргузашти Парвизро ба ёдам овард. Он рўзи якшанбе ману Парвизу модараш сари дастурхон менишастем. Шабнам нав табақи тушбераро болои дастурхон гузошта буд, ки рӯшноие аз тиреза вориди хонаи мо гашт. Гўё Парвиз ҳамин лаҳзаро интизор буд, ки яку якбора аз сари дастурхон хест ва ба зораю таваллои мо нигоҳ накарда, мисли он ки бол бароварда бошад, ба поён тохт.
Модараш аз сари дастархон хеста назди тиреза рафт ва лаҳзае пас маро ҳам ба он ҷо хонд. Парвиз ҳамроҳи духтараке суҳбат дошт. Маҳз ҳамон духтарак, ки Наргис ном доштааст, келини мо шуд ва акнун ману Шабнам бобою бибием.

пешина
аз 513
навбатӣ