Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худат пурсидаӣ ва ў ба посух ҷавоб додааст. Дигар чӣ ҳам мегуфт. Агар намепурсидӣ, ба гумон буд, ки дар ин бора сухане ба забон орад.
Ман кинояи Шабнамро фаҳмидам, вале муҳри хомўшӣ ба лаб задам. Шояд ҳаминаш хубтар шуд. Шабнам ҳам шояд авзои беҷойи маро фаҳмид, ки ҳамон хел ба саволи хеш ҷавоб нагирифта аз ман ҷудо шуда, ба тарафи занҳои дар саҳни ҳавлӣ гирдомада рафт.
Баъди рафтани ў ман лаҳзае сари андешаҳои хеш танҳо мондам ва сари баҳси бо ҳамсар лаҳзае пеш доштам фикр намудам.
То андозае суханони Шабнам ҳам ҷон доштанд.
Шабнами хонанишин чӣ андешаҳое дар сар дошт ва баҳри дарёфти ҳақиқат қариб чӣ суханоне нагуфт, вале ман бо ҳама таҷрибаи биступанҷсолаи кори хеш дар милиса ҳеҷ пухта нашудам, ки нашудам. Шояд агар дар милиса мешудам, фикру ақидаам дигар хел буданд. Чанд соли кор дар адвокатура фикри бандаро тамоман дигар кард. Рост гуфтанд, ки харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя ва банда низ ба палаки ҳимоячиҳо афтода, фарқи неку бадро аз байн бурдам.
Охир беҳуда мўйсафед ҳафтае пеш аз маргаш он ампулаи холии «Адреналин» - ро ба ман надода буд. Шояд гумон дошт, ки ман як умр дар корҳои ҷустуҷўйӣ кор карда, асрори ниҳонро баҳраш мекушоям, вале афсўс ки он ҳама орзую омолро ў ба худ ба гўр мебарад, чунки банда баҳри кушодани он муаммо ҳатто кўшише ба харҷ надодам. Чӣ хеле ки худораҳамтии қиблагоҳам баъзан супоришҳои додаашро ноиҷрошуда дида мегуфт: «и бар гўш у бар гўш, бобии чапаргўш».
Ба гумон буд, ки баъди гузаштани ин қадар вақт ман нишонае аз ҷиноят пайдо карда тавонам. Ба ҳар ҳол баҳси бо Шабнам доштаам бандаро бар он тақозо намуд, ки сари ин масъала андеша намоям.
Агар Раъно дар ҳақиқат ба мўйсафед сўзандору гузаронида бошад, ба гумон аст, ки ў шабона ампулаи холиро ба берун бурда, ба ахлотқуттии умумӣ партофта бошад.
Барои ба чунин амал даст задан дар ҳолате ки шавҳар дар бистари марг аст, ҳамсари мўйсафед имконият надошт.

пешина
аз 513
навбатӣ