Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Сабаб ин пеш аз ҳама мерос аст ва чун ҳуқуқшинос ту бояд инро фаҳмӣ.
– Раънохон дар қайди никоҳи амаки Ёқуб буд. Чун мўйсафедро меросхўри дигаре нест, Раънохон ягона меросхўри шавҳар мегардад. Модоме ки қонун ҳуқуқи мерос гирифтани ўро ҳимоя мекунад, пас чаро даст ба ҷиноят мезадааст?
– Гуфтам – ку, Раънохони мегуфтагиат боз панҷ - даҳ соли дигар интизор шуда наметавонист, ки кай ҳамсари меҳрубонаш бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк намояд. Ҳар мақсаде дошт, онро амалӣ кард ва ба қавли худат ҳуқуқи гирифтани меросро дар доираи қонун амалӣ намуд. Дигар чӣ лозим интизор шудан, ки кай аз мўйсафед халос шавад. Ба ҷуз ин мўйсафед шояд аз ягон гуноҳи ў бохабар шуда, боз ҳамон хел қонунан аз ў ҷудо мешуд.
– Ҷудо ҳам мешуд, ў нисфи бойгарии мўйсафедро қонунан аз худ мекард.
– Аз ними нон як нони бутун беҳтар. Модоме ки имконияти пурраи гирифтани нон ҳаст, пас чаро ў ба ними нон қаноат мекардааст?
– Аз таги нохун чирк кофтан хуб нест.
– Худораҳматӣ, амаки Ёқуб барои мо бегона набуд. Ў туро писар мегуфту маро духтар.
– Барои ҳамин баъди издивоҷ намуданаш роҳи дари хонаашро фаромўш намудӣ, – талх карда гуфтам ман.
– Ҳоло вақти киноя гуфтан нест. Ба ҳар ҳол, ман ҳам кори хуб накардам. Ақаллан, бояд мўйсафедро омада хабар мегирифтам, вале ба ростӣ ман аз рўйи ҳамин каждуми таги бурё пой аз остонаи ин хонадон кандам.
– Дишаб бояд ҳамроҳи ман меомадӣ.
– Дар ин бора ман гунаҳкорам, дадаи Парвиз, вале агар омадани ман ҳам мисли омадани худат мешуд…
– Яъне?
– Худат омадӣ, вале бефоида. Ҳатто духтур ҳам ҷеғ назадӣ.
– О, гуфтам, ки то омадани ман Раънохон ба ў сўзандору гузаронида будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор