Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Куҷост натиҷаи сўзандоруи гузаронидашуда?
–Зиндагӣ худ таззодест ва аз таззод сари ҳар қадам ҷустани мантиқ маъние надорад.
– Ба фикрам, ҳамин таззоди зиндагиро каждуми таги бурё дуруст дарк намудааст?
– Чӣ хел дуруст дарк намудааст?
– Раъно нағз фаҳмидааст, ки рафту агар чорае наандешад, шояд боз панҷ - даҳ соли дигар бо мўйсафед сар ба як болин ниҳоданаш лозим меояд.
– Хайр чӣ?
– Тарзе сухан меронӣ, ки гўё нав аз моҳ афтида бошӣ?
Дар ин ҷо айби худат ҳам не. Рафту агар Юсуфи Ёқуб руҳи Зулайхоро мефаҳмид, гап дигар буд. Умуман, аз азал мардҳо ҳеҷ гоҳ дарду доғи занро ҳис накарданд, ки накарданд.
– Чун Юсуфи Ёқуб агар ҳама мардон рафтор мекарданд, олам гулистон мешуд. Дар муҳаббати Юсуфу Зулайхо бештар худи Зулайхо гунаҳкор аст. Сиришки занро ба ғайр аз Худованд ба гумон аст дигар касе фаҳмад.
– Рост. Ҳарчанд зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон диҳад ҳам, вале ў мушти пар асту ба ҳимоя ниёз дорад. Афсўс ки зан чун мард рўйирост баромад карда наметавонад, чунки шарму ҳаё зевари ўст ва он ки шарму ҳаёро аз даст додаст, ба ҳар кор қодир аст, мисли ҳамсари амаки Ёқуб.
– Бе далел чаро чунин суханҳо мегўӣ?
– Бе далел мегўӣ? Ба зан ба ҷуз давлату савлат боз ёри муносиб чун боду ҳаво зарур аст. Ёри муносиб, мефаҳмӣ?
Худораҳматӣ амаки Ёқуб баҳри духтари биступанҷсола ҳаргиз ёри муносиб набуд, вале афсўс ки ў худаш инро нафаҳмиду пой бар доми бало монд ва ана натиҷааш.
– Шояд Раънохон ба худат маъқул набошад, вале месазад, ки аз рўйи андешаҳои шахсӣ шуда, шахсро ба ҷинояти мудҳиш гумонбар шавӣ.
– Гап дар сари андешаҳои шахсии ман нест, ҳоло ки дер нашудааст, мо бояд сирру асрори Раъноро рўйи об барорем.
– Раъно ягон сабабе баҳри ба ҷиноят даст задан надорад, аз ин рў ҳама кўшишҳои мо барабас хоҳанд рафт. Чӣ лозим худро хандасори мардум намудан?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор