Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ гуфтаанд?
– Ҳафтод афтод, ту инро мефаҳмӣ?
– Чияш нофаҳмо! О, мўйсафед по бар лаби гўр монда буд, чӣ лозим ба ҷони ў қасд намудан. Не, ҳеҷ боварам намеояд.
– Боварат наояд, ихтиёрат, вале аз ҳақиқат рўй гардондан хуб нест.
– Чӣ хел ҳақиқат? Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Оё мефаҳмӣ, ки шахсеро бе ягон далел ба чунин ҷинояти вазнин гумонбар шудан хуб нест.
– Агар дар ҳақиқат шахс бегуноҳ бошад.
– Ба фикри худат чаро Раъно даст ба ҷиноят мезадааст?
– Раъно дар чунин синну сол наметавонист, ки боз панҷ - даҳ соли дигар сари хеш ба болини ин марди пир гузошта умри хеш хазон созад.
–Аз куҷо гирифтӣ, ки мўйсафедро боз панҷ - даҳ сол умр буд?
–Ба ҷуз Офаридгор касе инро пешгўйӣ карда наметавонад.
-Гуфтам - ку агар рафту ўро чунин умр дар пеш мебуд.
– Охир Раъноро маҷбуран касе ба амаки Ёқуб надода буд.
Пас чаро ў ба ҷиноят даст мезадааст?
– Раъноро гӯлу гумроҳ ҳисоб накун. Ў аз рўйи мақсади муайян бо амаки Ёқуб издивоҷ кард. Чун ба мақсадаш расид, роҳи аз ў халос шуданро ҷўст ва корро тавре ба роҳ монд, ки касе аз ў гумонбар нашавад. Бубин, мўйсафед ҳарфе нагуфта, дар рўйи дастони худат ҷон додааст.
– Чӣ ин ягон бадӣ дорад?
– Ман ин хел гуфтанӣ нестам. Раъно дар вақте туро ҷеғ зад, ки мўйсафед аз гап монда буд. Худат бошӣ чун шоҳид ба ў лозим будӣ, то бигўяд мўйсафед дар рўйи дастони писархондаш ҷон дод, то худро аз гапу калочаи мардум раҳо созад. Духтур чӣ гуфт?
–Духтур гуфт, ки мўйсафед геморогический инсулт шудагӣ. Ба ақидаи духтур дар чунин синну сол бисёртар аз чунин касал ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Ту бошӣ маро бовар мекунонӣ, ки мўйсафед боз панҷ - даҳ соли дигар умр дошт. Рагҳои майна кафиданду тамом вассалом мефаҳмӣ?
–Фаҳмиданро - ку фаҳмидам, вале мантиқро намебинам.
Канӣ мантиқ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор