Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Баҳри гусели Ғиёс Аслович баромадаму дар саҳни ҳавлӣ чашмам ба Шабнам бархўрд. Аз нигоҳаш дарёфтам, ки чизе гуфтан мехоҳад. Аз қафояш рафтаму ҳарду лаҳзае дуртар аз дигарон сари суҳбат қарор гирифтем.
– Мўйсафед дар ҳақиқат дар рўйи дастони ту ҷон дод?
– Ҳа, бале, – худро ҳамоно ба даст гирифта гуфтам ман.
– Кай?
– Соати 1.15 дақиқа.
– Мўйсафедро дар кадом ҳолат дарёфтед?
– Дар ҳолати беҳушӣ, – мутлақо дурўғ гуфтам ман ва гумон сохтам, ки рухсораҳоям оташ гирифтанд. Хайрият, Шабнам чизеро пай набурд.
– Духтур ҷеғ задед?
– Не.
– Чаро?
– То омадани ман Раънохон ба ў сўзандору гузаронида будааст.
– Худаш гуфт?
– Не, ба пурсиши ман посух дод.
– Рафту сўзандору нагузаронида бошад - чӣ?
– Чӣ хел нагузаронида бошад? - дар навбати хеш савол додам ман.
– Чӣ хел,чӣ хел? Ҳамин хел одӣ.
Хостам эътироз намоям, ки чӣ тавр Раънохон ҳамшираи шафқат шуда, ба ҳамсараш ёрӣ намедодааст? Вале он «туҳфачаи» коғазпечи мўйсафедро, ки ҳафтае пеш гирифта будаму баҳри кушодани асрораш кўшише ба харҷ надодам, ба ёд оварда, муҳри хомўшӣ ба лаб задам.
– Чаро ба даҳонат об гирифтӣ?
– Магар аз ёрӣ надодани бемор ба ў нафъе мерасад?
– Албатта ва боз чӣ хел?
– Бе муаммо гап зан.
– Шумо мардҳо ҳеҷ гоҳ ҳолати руҳии занро намефаҳмед.
– Чиро дар назар доред?
– Тасаввур намо, ки духтари биступанҷсола дар оғўши марди ҳафтоду ҳаштсола.
– Ҳафтоду ҳафт?
– Фарқаш нест, бигузор гуфти ту шавад. Оё нашунидаӣ, ки гуфтаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор