Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хайрият Собирҷон - ако ҳамин ҷо буд, вагарна ман намедонистам чӣ кор кунам? - бандаро ба он мард муаррифӣ намуд соҳибхона.
– Ғиёс Аслович, - даст дода худро муаррифӣ намуд ў.
– Собири Файз, - худро шиносонидам ман.
Шахси омада духтури табобаткунандаи Ёқуби Соиб будааст ва акнун баҳри ҳуҷҷатҳои идорааш бояд асрори марги мўйсафедро мебурд.
Духтур ману Раъноро, ки аз рўи нишондоди соҳибхона дар лаҳзаи умри вопасини мўйсафед сари болинаш будем, ба ҳуҷраи хоб даровард.
Ҷисми беҷони мўйсафед аз рўйи расму русуми мусулмонӣ болои фарши сард гузошта шуда буд. Рўяш ба тарафи қибла.
Чодири тунукеро, ки болояшро пўшонида буданд, духтур бардошт ва ман бори аввал тайи ҳафтаи охир рўйи ўро дидам:
Бо матои сафеде манаҳаш баста, чашмонаш пўшида, рангаш заъфарон. Бе мо ҳам Раъно ҳамсари меҳрубонашро аз рўйи расму русум «хобонида» буд.
Ба саволҳои духтур Раъно посух дод, ки дасти шахшӯли аҷал соати 1.15 дақиқа аз гиребони «сутуни дилаш» панҷа зад.
Ба ростӣ, ҳар гоҳ ки ў «сутуни дилам» гуфта навҳа мезаду чашмони аз гиря варамкардаашро бо нўги рўйимолаш молиш медод, хандаам меомад, вале дар куҷо буданамро ба ёд оварда, бо азобе худро ба даст мегирифтам.
Рафту агар танўри синаи духтар аз нон1 холӣ намешуд, ин ҳама оҳу шеванро асосе буд, вале дар ҳолате, ки садои ҷунбиши гаҳвора ва гиряи тифлу аллаи модар дар ин хонадон танинандоз нагардида буд, ин ҳама оҳу шеванро сабаб чӣ буд?-Ӯ худ медонисту Худо.
Оҳу шевани арўсаки ноком ҳатто ба дили вориси Гиппократ ҳам ангушт зад магар ки ў низ ҳамдардии хешро ба Раънохон баён карда гуфт, ки ба тақдир тан додан лозим.
–Геморогический инсулт2 шудагӣ, – гуфт Ғиёс Аслович ва боз илова намуд, ки қисми зиёди фавтидагон дар чунин синну сол аз ҳамин беморӣ ҷон ба ҷонофарин месупоранд.

1 Нон дар ин ҷо ба маънои фарзанд омадааст.
2 Геморогический инсулт – хунравӣ дар меъдачаҳои асаб.

пешина
аз 513
навбатӣ