Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рафту агар эътироз мекардам, ба гумон буд, ки Раъно баҳри дифои хеш боз туҳмати наверо ба поям набандад.
Маҳз, аз ҳамин кор ман бештар метарсидам. Аҷаб набуд, ки Раъно ҳамин ҳолатро чун далели дифоъ дар майнааш тоб надода бошад. Афсўс бар он хўрдам, ки ба хонаи дўсти қиблагоҳам, ба хонаи шахсе, ки маро писар мехонд, танҳо омадам ва дар гирдоби бало мондам. Сари суханони Шабнам андеша намуда, ба хулосае омадам, ки ҳақ ба ҷониби ў будааст. Акнун ёбу гир, ё чӣ хеле ки мардумон мегўянд:
«нохўрда, нобурда, бигирад дарди гурда».
Агар як ҳафтаи охир ман каме кўшиш ба харҷ медодам, кайҳо он асрори ниҳонро кушода будам. «Мушти баъди ҷанг ба ёдат омадаро ба сарат бизан», – баъзан мегуфт падарам.
“Ҳар кӣ нагирифт панди падар, сазои сараш аз ин бадтар,”- зери лаб гуфтам ба худ.
Ман на танҳо ҷиноятро пешгирӣ накардам, балки ҳамдилии хешро бо ҷинояткор баён намудам, ҳарчанд то кунун далеле ба муқобили Раъно надоштам, вале дар байни мардум ўро чун дурўғгўй муттаҳам насохтам.
– Худораҳматӣ, дар рўйи дастони Собирҷон - ако ҷон дод, - гуфтани Раъноро ба ёд оварда дилам реш - реш шуд.
Гўё забонам лол гашта буд, ё шояд сабабаш он буд, ки Шабнам он ҷо буд. Охир, ў баъди ташрифи аввалин ба ин хонадон сухани хеш гуфта буд.
Не, ин ҷо гап дар сари Шабнам ҳам набуд. Мегўянд, битарс аз касе, ки ў натарсад аз Худо ва маҳз Раъно дар пиндори кунунии банда чунин шахс буд. Модоме ки ў чунин як саҳнаи ба ҳақиқат наздикро ороста тавонист, пас куҷо буд кафолат, ки саҳнаи навбатиро тарҳрезӣ накарда бошад?
Ҳамин ҳолатҳо сабаб гаштанду ман муҳри хомўшӣ ба лаб задам.
Хомўшии бадтар аз гуноҳ. Дар ҳамин лаҳза марди тахминан сӣ - сивупанҷсолае вориди хона шуд.
– Дер омадед. Мўйсафед то лаҳзаи охир чашм дар роҳи шумо буд! - гуфт Раъно.
– Шаб ба деҳа рафта будам, соатҳои як – якуним омадам,
-гуфт он мард худро сафед карданӣ шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор