Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ана ёбу гир. Худоё худаш чӣ гап? Хостам ба суханони Раъно эътироз намоям, вале нигоҳи Шабнамро, ки ҷўёи савол буд, дида ҳамоно аз райъам гаштам.
Баъди нўшидани чой ҷонбахш, ки завҷаи меҳрубони дўсти қиблагоҳам бо таъзим ба дастам дода буд ва ман онро дар ду қулт нўши ҷон намуда будам, дигар чизеро ба ёд оварда натавонистам. Чашмам ба соати калони девории меҳмонхона бархўрд. Ақрабаки соат ба ҳашт наздик мешуд.
Ба ҳар ҳол рўз пурра фаро расида буд ва шаб чӣ гузашту чӣ не, маро дар ёд набуд. Соатҳои 22.50 дақиқаи шаби гузашта, ман аз хона баромада будам ва шояд баъди ним соат ё каме дертар вориди хонаи Ёқуби Соиб шудам. Гирем, агар боз ним соат сари як пиёла чой бо Раънохон дар суҳбат будам, пас аз ин чӣ шуду чӣ не, Худо медонад. Ба ёрии мўйсафед шитофтаму ўро бо чашми сар надидам ва Худо накарда, Шабнам мепурсид, ки домулло соатҳои чанд ҷон ба ҷонофарин супурд, чӣ гуфтанамро намедонистам.
Ба ҳар ҳол Раъно суханашро гуфт ва бандаро ҳамчун шоҳид дар сари болини пеш аз маргии мўйсафед шарик кард.
Ман бошам, ҳатто эътироз ҳам накардам. Мардуми мусулмон сари ҳар як намоз даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи яздони пок эмин мондани хешро аз марги муфоҷо, аз туҳмати ногаҳон ва аз ғорати шайтон таманно мекунанд. Суханони Раъно дар ҳаққи банда туҳмати рўйирост буд, вале чун ман эътирозе накардам, ҳамагон ба дурустии гуфтаҳои каждуми таги бурё бовар карданд ва ҳатто ҳамдардии хешро ба арўсаки 25 - сола, ки фалаки каҷрафтор нисбаташ раво дид, баён сохта, аз даргоҳи Худои азза ва ҷал барояш сабри ҷамил хостам. Дигар мисли оне, ки бо сеҳру ҷоду забонатро баста бошанд, хомўш будаму хомўш.
Чӣ ҳам мегуфтам ман? Агар мегуфтам, ки омадаму ба чашм мўйсафедро надидам, ҳаққу ҳамсояҳо чӣ гумон мекарданд? Ман ҳатто ба ёд оварда натавонистам, ки чӣ тавр аз сари дастархон то болои бистари хоб рафтаам. Ҳамааш акнун баҳрам як муаммо буд. Мегўянд, ки шикампо ба мурод мерасаду ба мақсад не. Ман низ фирефтаи суханони Раъно гашта, ба ҷойи он ки мўйсафедро даромада бинам, сари дастурхон нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор