Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нахоҳӣ ман худам меравам, вале фаромўш насоз, ки агар ба милиса занг задӣ, зиндагии якҷояи минбаъдаи мо ҳаром фаҳмидӣ!
– Чияш нофаҳмо? Хайр, акнун рав. Раву бубин ки он каждуми таги бурё бо мўйсафед чӣ кардааст. Ман бошам фардо субҳ пеш аз ҷаноза ба …
Дигар чӣ гуфту чӣ не, қариб ки нашунидам ва ба хона даромада, тағйири либос намудаму лаҳзае пас берун баромадам.
Дар ҳамон лаҳза чандин маротиба ба худ лаънат хондам, ки дар вақташ лаҷоми ҳамсарро ба даст нагирифтам.
Модарам, ки соле як маротиба аз деҳа ба меҳмонӣ меояд, баъзан, баҳси ману Шабнамро дида, дар танҳоӣ мегўфт:
– Собирҷон, ман биступанҷ сол пеш дар рўзи тўйят гуфта будам, ки сагро дар кучукияш ва арўсро дар таги чодир ба ҷояш шинондан лозим.
Дарро ба рўям ҳамсари домулло кушода, маро ба меҳмонхона таклиф намуд. Вориди меҳмонхона шуда пурсидам, ки домулло дар куҷо?
– Он кас дар хонаи хоб. Навакак ман ба он кас сўзандору гузаронидам ва акнун хобаш бурдааст.
Аз кирдорҳои ҳамсарам шарм доштам, ки мабодо то субҳ интизор нашуда, ба ҷаноза наояд.
Соҳибхона маро лаҳзае танҳо гузошта, берун баромад ва як мижа задан пас бо дастархон вориди меҳмонхона шуд.
– Лозим нест.
– Як пиёла чой гиред, Собирҷон - ака, – гуфт Раъно ва ман дигар чӣ гуфтанамро надонистам.
Раъно аз чойники қирмизӣ чой рехта, даст пеши бар гирифта, бо таъзим сўям пиёларо дароз кард. Ба ростӣ, ҳамон лаҳза нисбат аз суханҳои гуфтаи завҷаам шарм доштам.
Афсўс бар он хўрдам, ки ў наомаду бубинад, ки одамгарӣ чист? Раъно аз кору бори Парвиз ва саломатии келину писарчааш пурсон шуд. Чун болои дастурхон ҳамагӣ як пиёла буд, чойро дар ду қулт ба ҳалқ рехта, пиёларо ба дасти соҳибхона додам.
Сари субҳ аз фиғону нола бедор шудам. Сараввал чизеро нафаҳмидам. Чашмҳои аз гиря варамкардаи Раъноро дида, ба худ омадам ва хостам бипурсам, ки чӣ гап шудааст? Нохост чашмам ба Шабнам бархўрд ва ҳанўз ман имконияти лаб кушодан наёфта, Раънохон бо дили сўзону оҳи ҳиҷрон гуфт, ки худораҳматӣ дар рўйи дастони Собирҷон - ако ҷон дод.

пешина
аз 513
навбатӣ