Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҷисми аз интизорӣ лакоту хастаи хешро, ки ду соат пеши дарвозаи бозор мисли аломати хитоб, не дурусттараш, мисли аломати савол ба умеди дидори он муштарии гумном сари по истода будам, ба курсии мулоим гирифтаму ба бало мондам.
Боди серуне, ки аз тирезаи паҳлуи автобус вориди он мешуд, сару рўям палмосидан гирифт ва на танҳо мўйҳои тор - тор тунукам, балки давоми саҳфаҳои дафтари хотиротамро алвонҷ додан гирифт.
Ман ҳафтаи охир чунон саргарми кор шудам, ки ҳатто «Адреналин» он тараф истад дўсти қиблагоҳамро низ ба гўшаи фаромўшӣ додам.
Не, дар ин бора бандаро гунаҳкор кардан аз рўи инсоф нест, чунки ҳама корро албатта сабабе ҳаст. Сабаби хунукназарии банда ин пеш аз ҳама дар мурофиаи судӣ иштирок намуданам буд. Ҳарчанд ман аз як тараф гунаҳкор ҳам бошам, вале аз тарафи дигар тавонистам ҷони нафареро бо ҳимояи хеш аз ҳукми олӣ раҳо созам. Шояд бе ман ҳам ба ў ҳукми олӣ раво намедиданд, вале ҳамагон иштирокчиёни он мурофиаи судӣ бар он ақидаанд, ки саҳми банда ҳангоми ҳимояи шахсе, ки аз рўи нафс ба ҷони рафиқаш қасд намуда буд, калон аст. Ҳаминаш басанда аст, ки маро дар пешгирӣ накардани ҷинояти навбатӣ гунаҳкор насозанд.
Соати 22.43 дақиқаи шаби 13 феврал занги телефони хонаи мо садо дод ва Шабнам гўшакро бардошт. Чун ў кӣ будани мусоҳибашро фаҳмид, ҳатто сухане ба забон наоварда, бандаро ба назди телефон хонд ва чун ман гўшакро ба даст гирифтам, ў ба ошхона рафт.
Мусоҳибам хабар дод, ки аҳволи Ёқуби Соиб бад шудааст ва агар имконият дошта бошам, ҳатман, ба хонаашон равам.
Ман гўшакро ба ҷояш гузошта, Шабнамро аз ошхона ҷеғ задам ва ўро бо асли воқеа огоҳ намудам.
–Ба милиса хабар додан лозим, - гуфт ҳамсарам.
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ занак, охир вазъи мўйсафед бад шудааст, ё чӣ хеле мегўянд тобаш гурехтааст, биё беҳтараш якҷоя рафта, ўро хабар гирем.
– Аз рафтани ману худат дигар ба ў нафъе нест. Беҳтар мешуд, ки ба милиса занг мезадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор