Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Аз дохили коғазпеч ампулаи холишудаи 2,0 милиграммаи «Адреналин» берун омад. Хостам мўйсафедро дарёфта, шарҳи онро пурсам, вале ҳамоно аз райъам гаштам, чунки автобус аллакай рафта буд. Ба замми ин, маро дар ҷойи кор интизор буданд. Дарёфти ҷавоби муаммои Ёқуби Соибро то вақти дигар мавқуф гузошта, ампулаи холишударо боз ҳамон хел ба коғаз печонида, ба ҷайб зада, истгоҳро тарк кардам.
– Адреналин, адреналин, - гўён то ба ҷойи кор омаданам номи туҳфаи мўйсафедро зери лаб такрор кардам.
Чун офтоби оламафрўз нурҳои хешро болои дарвозаи бозор гирифт, ман низ сабру таҳаммулро ба гўшаи фаромўшӣ дода, ба тарафи истгоҳ ҳаракат намудам. Аз он ки муштарии ношинос, шахсе, ки пеш аз бонги хурўс бо занги телефони бармаҳал на танҳо фазои хонаро ба ларза овард, балки ба торҳои қалби ман нохун заду боз тайи ду соати интизорӣ худро ошкор насохт, дарди дили бандаро паст накард.
Худораҳматии қиблагоҳам ҳамеша таъкид мекард, ки «дар доми бало будан беҳ аз бими балост». Ин субҳ ман бори дигар сари ин гуфтаҳо андеша намудам ва дар суханони падари бузургворам на танҳо ҳикмат, балки фалсафаи бузурги зиндагиро дидам.
Ҳар кўр метавонад,
Номи маро кунад кўр.
Дар рўйи раҳ фитодаст
1 Имрўз хонаи мўр.
Дар ҳақиқат, ин субҳ ман худро ба ҷойи он мўри бечора тасаввур намудам, чунки намедонистам дар он номаи «шодбошӣ» чӣ омадаву номарасон аз ман чӣ мехоҳад.
Баробари ба истгоҳ омадан худро дохили автобусе, ки аллакай ба ҳаракат даромада буд, гирифтам. Духтараки паричеҳрае аз ҷой бархоста, курсии худро баҳри нишаст ба ман пешниҳод кард. Таклифи ўро рад карда, рост истоданро алвотар шумурдам, вале чанд тани дигар, ки аз ман хурдтар буданд, маро ба нишастан ҳидоят намуданд. Аз суханони мардуми некбину некхоҳ дида, банда гардани шайтон шикастам.
1 Шеър аз Бозор Собир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор