Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мансабталошон аз дин дил канданӣ доштанду аз ҳизб не.
Ёқуби Соиб, ки сарварии ҳизби як ноҳияро бар душ дошт, барои чанд омўзгоре шуда, аз болои бародарони ҳамхун ва ҳамкеши худ, ки аз пашша фил метарошиданд, шикоят бурд. Бо моҳ нишасту моҳ нашуд. Дар пленуми ҳизб гуфт, ки маро аз вазифа сабукдуш намоед, майлаш, вале илтиҷо мекунам, ки аз сафи ҳизби ленинӣ хориҷ накунед.
Хизматҳои ўро ба инобат гирифта, ўро аз мансаб ронданду аз ҳизб не. Ў хеле дер фаҳмид, ки ҳизби бе мансаб ҳеҷ будааст, ҳеҷ... Хеле дер фаҳмид.
Ёқуби Соиб ҳамоно сари андешаҳои хеш ғӯтта мезад.
Мегўянд, ки шахсе, ки ҳангоми нўшидани шир сўхтааст, дўғро пуф карда менўшад. Мўйсафед дар чӣ андеша буд, ман нафаҳмидам, вале дилам гувоҳӣ медод, ки вай чизе гуфтан мехоҳад.
– Шукр, ки ба баҳори нав ҳам расидем, - ниҳоят хомўширо вайрон карда гуфтам ман.
– Ҳа, барои зинда баҳор шуд, - оҳ кашида гуфт мўйсафед ва илова кард: -Ҳайф, ки хазони умри одамиро баҳор нест.
Дар ин суханон чӣ қадар дарду ҳасрат ниҳон буд, танҳо худаш медонисту Худо.
– Хайр ман рафтам, – гўён мўйсафед ба асо такя карда, аз ҷой бархест.
– Шояд ягон хизмат буд, домулло?
Ў сухане нагуфта, даст ба ҷайбаш бурд ва коғазпечи хурдакакеро берун оварда ба дастам дод.
– Ин чӣ?
– Надонам, вале чун марг аз гиребони ман гирифт, ҷўёи асрори он шав.
– Домулло, шумо чиҳо гуфта истодаед?
– Собирҷон, ман чӣ гуфтанамро медонам,-посух дод Ёқуби Соиб ва ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард.
Лаҳзае аз қафои ў назора намудам. Мўйсафед дар ҳақиқат хастаҳол менамуд. Коғазпечи дар дастам буда гўё вуҷудамро сўхт, вале то ба автобус нишастани дўсти қиблагоҳам онро накушодам. Чун автобус дар истгоҳ истод ва мўйсафед вориди он гардид, ман он коғазпеч кушодам.

пешина
аз 513
навбатӣ