Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҷиб, ки ў чӣ тавр то ба ин вазифа расида будааст?.. Не, дар як сухани ноҷо сари хеш ба бало монд? Бадгўёнаш бар он ақида буданд, ки Ёқуб Соиб ба номи партияи ҷоноҷон шак овард ва Худо ўро зад. Ана ёбу гир, бубин мантиқи суханро. Рост гуфтаанд, ки душман айби дигаратро, ки наёфт, мегўяд думи сагат каҷ аст. Охир, маҳз ҳамин партияе, ки мо онро ақлу виҷдони хеш мепиндоштем, партияе, ки онро ҷоноҷон мегуфтем, динро аз давлат ҷудо кард, масҷидҳоро барҳам дод ва Офаридгори бузургро рўйирост инкор кардан мехост, бехабар аз он ки бе партия мардумон зистанд, боз зиндагӣ хоҳанд кард, вале бе дин, ки Худоро яккаву ягона меҳисобад, зиндагӣ душвор аст.
Онҳое, ки лаҳзае аз дини хеш фориғ мешаванд, ба роҳи бад қадам мениҳанд. То кунун ягон дини олам касеро ба роҳи бад ҳидоят накардааст ва ҳамаи динҳо ахлоқи покро ҳамчун сарчашмаи имон муаррифӣ намудаанд.
Ман нағз дар ёд дорам, ки чӣ тавр одамони «дурбин» баҳри ба сафи ҳизби коммунист дохил шудан талош мекарданд.
Албатта, талаботи ҳизб дар он солҳо нисбат ба мардони бесавод, ки аксар деҳқону чўпон буданд ва ҳам ба ҷинси латиф хеле зиёд буд. Ҳизбро аноӣ гуфтан ҳам аз рўйи инсоф нест ва кормандони ҳизбӣ мефаҳмиданд, кӣ аз нияти соф ва кӣ ба мақсади дар оянда курсиеро ишғол намудан барои ба сафҳои партияи ҷоноҷон нияти шомил шудан дорад.
Маҳз ба гурўҳи дуюм талабот ниҳоят зиёд буд ва онҳоеро, ки дар талоши мансаб нияти ба ҳизб воридшавӣ доштанд, баъзан чунин шарт мемонданд. “Агар хоҳед, ки бо мо дар як саф бошед, сараввал бояд занеро барои дохил шудан ба партия ҷалб намоед. Он талаботи мо не, талаботи партияи ленинӣ аст, ки тафовутро байни зану мард аз байн бардоштан мехоҳад.
Дигар чӣ ҳам мегуфт шахсе, ки нияти ба курсии баланд баромадан дошт ва пеш аз ҳама зан ё хоҳари хешро, ки аслан на парвои партия доштанду на парвои вазифа барои дохил шудан ба сафҳои партияи ленинӣ ҳидоят мекард. Баҳри ба курсии мансаб баромадан қисме аз чунин фардҳо дар ҷанозаи қиблагоҳи хеш иштирок намекарданд, то касе аз болои онҳо ба ҳизб шикоят набараду доғи сиёҳеро дар дафтари аъмолашон боқӣ гузорад.

пешина
аз 513
навбатӣ