Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Боре дар хабари ба унвони идораи ҳизб омада кормандони Кумитаи бехатарӣ аз болои чанд нафар муаллим, ки ғояҳои марксизм-ленинизмро дуруст дарк накарда, нисбат ба баъзе аз мансабдорони ҳизбии советӣ суханҳои пасту баланд гуфтанд, бо грифи “махфӣ” маълумотнома дохил шудааст. Комитети бехатари давлатӣ бо ин васила бо як тир ду нишон заданӣ шудааст. Сараввал ҳисобашро бо он муаллимони худоношиносе, ки КБД – ро ба бекорагӣ ва макру дурўғ айбдор карданӣ шуданд, баробар кардан. Дуюм, бо ҳамин роҳ пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб, ки идеяҳои марксизм - ленинизмро пеши по зада, аз болои комитете, ки дилу дидаи ҳизби коммунист буд, овоз баланд кардан ва Ватанро ба зери хатар гузоштан чораи қатъӣ диданро талаб намуданд.
Маҳз ҳамин мактуб писанди Ёқуби Соиб нагаштаасту ў сабру таҳаммул аз даст дода, аз болои Кумитаи бехатарии ноҳия ба идораи болоиашон мактуби пурсўзу гудозе ирсол намуда, ба дифои муаллимони бечора бархостааст.
«Касе, ки бо мо нест, ў муқобили мост». Ӯро ба пленуми ҳизбӣ даъват намуда, ҳамин шиорро гўшрасаш намуда, кафшҳояшро пеши по гузоштанд.
Ёқуби Соиб то фаҳмидаст, ки айб дар ош аст ё мош фарсахҳо гузаштааст. Баъди ин қариб, ки дарҳои ҳизбро ба рўяш пўшида, ўро аз мансаб ронданд, аммо аз ҳизб не. Ӯ хеле дер дарк намудааст, ки ҳама гуна часпу талошии дохилшави ба сафи ҳизб ин талоши соҳиб шудан ба курсии мансаб будааст.
– Ароба омад, ароба омад! - гуфтани ҷавоне, ки ба ҷойи мактаб рафтан бо аробаи вазнини пури молу матоъ нияти дохили бозор шудан дошт, маро маҷбур сохт, ки мавқеи назоратии хеш иваз намоям.
Аз чӣ бошад, ки ин дафъа фикру ҳуши ман ба дуриҳои дур парвоз накард, шояд сабаб он буд, ки ман сари ҳизбе, ки зиёда аз ҳафтод сол ҳукмронии мутлақро аз болои давлат ба дўш дошт, андеша доштам. Қандата хӯру чунин ҳизбро ба ёд набиёр. Дар умре, ки худро мешинохтам, моро бовар мекунонданд, не бовар кунондан ин кам аст, бистучор соат дар як шабонарўз чор мезаданд: «Партия ақл, хирад ва виҷдони даврони мост!». Ҳама ҳамин чизро дарк намуданду котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳия Ёқуби Соиб не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор