Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ёқуби Соиб ба дари утоқи кории банда ангушт зад. Шояд дар давоми умри хеш ў бори аввал пой бар остонаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ гузошта буд, ки мо панҷ - шаш нафарро сари мизҳои корӣ дар як утоқи на чандон калон дида, тааҷҷубаш афзуд ва дарро ҳамоно пўшид. Ман, ки аз дидани эшон каме дасту по хўрдам, ҳатто имконияти даъват намудани ӯро барои даромадан ба утоқи корӣ наёфта, аз ҷой бархоста берун баромадам.
– Ҳа, Собирҷон, аз роҳ гузашта як сари қадам шуморо дида равам, - гуфт дўсти қиблагоҳам.
– Марҳамат биёед, ба идора дароед.
– Беҳтар мешуд дар ҳамин ҳавои тоза як нафас мегирифтем. Баъди сармо ин аввалин рўзҳое ҳастанд, ки нурҳои офтоб ба кас ҳаловат мебахшад. Ба шумо шояд фарқе надорад, вале барои мо мўйсафедон дар чунин ҳаво сайругашт намудан ғанимат аст.
– Ман ҳозир, - гўён боз вориди утоқи корӣ гашта, ҳамкоронро хушдор сохтам, ки соате пас бармегардам. Мўйсафед ҳарчанд ба асо эҳтиёҷ надошт ва ё дар назари банда ҳамин хел намуд, асозанон дар кўча қадам ниҳод ва ман низ аз паҳлўяш гом мезадам. Мо хеле қадам ниҳода, аз чорроҳае гузаштем ва дар яке аз нишастгоҳи назди боғи «Роҳиоҳанчиён» қарор гирифтем.
– Биё ҳамин ҷо каме нишинем, – таклиф намуд мўйсафед ва интизори пазируфтани суханаш нашуда, ба асо такя намуда, ҷисми худро болои курсии чӯбин гирифт. Ман низ ба паҳлуяш нишастам.
Ман фаҳмидам, ки мўйсафед чизе гуфтан мехоҳад, вале ў муҳри хомўшӣ ба лаб гирифта буд. Шояд сари суханони мегуфтагиаш дар андеша буд. Шояд андеша бар он дошт, ки оё месазад он суханонро гуфтан ё на. Ёқуби Соиб, ки мўйи сари хешро дар корҳои ҳизбӣ сафед карда буду аз таҷрибаи рўзгор баҳра гирифта, дар сухан гуфтан низ сабру таҳаммул дошт. Дар замони сари курсии мансаб будан низ ӯ марди бомулоҳиза будааст. Дар солҳои сарварии кумитаи ҳизбии ноҳияро ба душ доштан аз рўйи таомули мавҷуда ҳар субҳ ўро Кумитаи бехатарии давлатии дар ноҳиябуда бо авзои сиёсии минтақа шинос мекард. Дар он солҳо мақоли «девор муш дорад, муш гўш» шиори доими кормандони ҳизбӣ ва бехатарӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор