Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дидам, ки ҳама кўшишҳоям барабас рафтанд, акнун мекўшам, ки дар сухан бо ҳамсари хеш бомулоҳизатар бошам, то бо ў имконият надиҳам, ки сухани қатъии хеш бигўяд. Се сол пештар баъди бозгашт аз хонаи Ёқуби Соиб ҳамин ҳолатро ман ба инобат нагирифтаму бо ҳамсарам сари баҳс қарор гирифтам ва ў суханашро гуфт.
Сухане гуфт, ки дигар онро бо табар ҳам бурида нашуд.
Шояд гумон созед, ки Собири Файз чӣ гуна мард аст, ки суханашро ба занаш гузаронида наметавонад. Онҳое, ки чунин андеша доранд, то кунун бо чунин занҳо рў ба рў нашуданд. Гоҳо ман дар симои Шабнам симои шодравон Буринисо Бердиеваро1 мебинам. Ба фикрам, касе, ки боре ҳам бо Буринисо Бердиева рў ба рў омадааст, эҳтироми ўро, ки баҳри бедории миллат дар ҳамон замони карахтӣ ҷонбозиҳо карда буд, то зинда аст, аз дил берун нахоҳад кард.
Як солу ду моҳ, то он замоне, ки Ёқуби Соиб бо олами ҳастӣ хайрбод нагуфт, Шабнам дигар боре ҳам пой бар остонаи он хонадон намонд. Дар ин муддат ман чандин маротиба ба аёдати дўсти қиблагоҳам рафтам ва ба саволи мўйсафеду ҳамсараш, ки чаро келин наомад, баҳонаҳои бардурўғ пеш овардам.
Шабнамро барои якравиаш ба пайравони Абуҷаҳл2 шомил кардан аз рўйи адолат нест, чунки Шабнам якрав ҳам нест. Ў низ чун ҳама занони дунё шикастанафсу мушти пар аст, ба ёриву муҳаббат эҳтиёҷ дорад. Ҳама якравии ў ин эҳтиром ва пос доштани қимати сухан аст. Шиораш нисбат ба сухан чунин аст:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст.
Агар ў қадри сухан намедонист, банда бо чунин таҷрибаи бой дар корҳои ҷустуҷўи кайҳо хабаркашҳояшро ошкор мекардам, вале ҳарчанд кўшидам бе натиҷа. Охир хабаркашҳо ҳам медонанд, ки бо кӣ сару кор намоянд.
Ду сол пештар дар яке аз рўзҳои аввали моҳи феврал, ки офтоби оламафрўз аз омад - омади фасли баҳор мужда медод,

1 Б. Бердиева – сармуҳарири рўзномаи «Маориф ва маданият» ҷасуртарин зани озодфикри тоҷик.
2 Абуҷаҳл – симои афсонавие, ки об гўйи ба хушки такя мекард ва баръакс.

пешина
аз 513
навбатӣ